(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд баҳри татбиқи амалии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 иқдомоти амалӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

Дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бо иқдомоти як гуруҳ соҳибкорони ватанӣ Нуриддин Қосимов ва Комилҷон Комилов Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таъсис меёбад. Ва дар ин самт заминаҳои моддии ин муассисаи олӣ омода шуда, дар арафаи истифодабарӣ қарор дорад. Интизор меравад, ки рузҳои наздик донишкада аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатномаи фаъолиятро ба даст мегирад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ин донишкадаи навтаъсис боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади тарбия ва камол расонидани мутахасисони илмҳои дақиқ дар истеҳсолот ва дар муассисаҳои таълимӣ ин тадрисгоҳ ташкил гардида, дар заминаи 2 факулет: факултети фанҳои дақиқ ва технология, факултети муҳандисӣ, бизнес ва идоракунӣ бо фарогирии ихтисосҳои ҳамгироии: биология-химия, математика-физика, математика-информатика, геграфия-иқтисодиёт, технология-информатка, экологияи умумӣ, радиоэкология, баҳисобгирии бухгалтерӣ, биотехнология, селексия ва тухмипарварӣ, агрохимия ва хокшиносӣ, менеҷменти инноватсионӣ, маркетинг ва ғайраҳо дар маҷмуъ 20 адад ихтисосҳо пешбинӣ гардида, фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва илмӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 68 адад синфхона, 8 адад озмоишгоҳ, 20 адад кабинетҳои фаннӣ, 5 синфҳои калони лексионӣ, китобхонаи электронӣ, ошхона, хобгоҳ таъсис гардида, дар навбати аввал то 900 нафар донишҷӯён ба ихтисосҳои мухталиф қабл карда мешаванд.

Донишкада имкони ба таълиму тадрис фаро гирифтани то 4500 нафар донишҷӯро дорад. Таҳсил дар донишкада тариқи шартнома буда, шакли таҳсили рӯзона ва ғоибона дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз муассисони донишкада даъват ба амал овард, ки ҷиҳати бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир анҷом додани корҳои сохтмонӣ ҷаҳд намояд. Таъкид шуд, ки барои донишомӯзон шароити беҳтарин таълиму тадрис муҳайё карда шавад. Омӯзонидани технологоияи муосир ва омода намудани мутахасисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаби замон асоси фаъолияти ин муассисаи олиро ташкил диҳад. Ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ аз фаъолияти муҳими донишкада арзёбӣ гардад.

Ҷиҳати кабудизоркунии муҳити атроф ва ободу хуррам намоии он дастуру супоришҳо дода шуд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки бо роҳандозии донишкадаи мазкур норасоии кадрҳои илмҳои дақиқ дар макотиби миёна ва таъмини мутахасисони бахшҳои гуногуни соҳаи иқтисодиёти иҷтимоиёти хоҷагии халқ мусоидат хоҳад намуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки алҳол дар шаҳри Хуҷанд 4 муассисаи олӣ: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишкадаи политехтикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон фаъолият доранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд