(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили Рӯзи сарҳадбонон дар қисми низомӣ.

Имрӯз дар қисми низомии 9829 Қӯшунҳои сарҳадии Кумидаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20 солагии ин ниҳоди қудратӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини авали Раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуданд. Дар оғоз сардори Раёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майор Ҳикматулло Пираков меҳмононро хайрамақдам гуфт. Муовини авали Раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирон расонда барои сарбаландона иҷро намудани хизмати Ватан барору зафармандӣ орзу намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода кулли афсарон сарбозон ва хизматчиёни ҳарбиро бо Рӯзи сарҳадбонон ва 20 солагии таъсисёбии Қӯшунҳои мусаллаҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

«Давлату ҳукумат хидматҳои фарзандони содиқ ва бо нангу номусро, ки дар таъмину осоишу амнияти мардум ҷасорату далерӣ нишон додаанд, инчунин хотираи афсарону сарбозони ҷоннисор намударо қадрдонӣ менамояд ва ҷовидон пос медорад.» қайд намуд дар суханронии худ Раҷаббой Аҳмадзода.
Ҳамчунин бо ин санаи фархунда, ҳозиронро муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сафаралӣ Халилов, иштирокчии ҷанги байналмиллал Анварҷон Ҳайдаров сарҳадчиёнро табрик намуданд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов баробари табрикоти самимӣ ба сарҳадбонон китобчаи «Ёддоштномаи сарбоз»-ро ки аз ҷониби ҳизби мазкур нашр гардидааст, супорид.
Аз номи Раиси вилояти Суғд ба қисми низомӣ телевизор ва ба сарбозон маводи гигиенӣ супорида шуд. Ҳамчунин ба як қатор афсарон ва сарбозон медали «20 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишони «Аълочии сарҳад»дараҷаҳои гуногун  супорида шуд.

Муовини аввали Раиси вилояти Суғд Чумъабой Сангинов ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз шароити зист ва маишии сарбозон ошно гашта, толори варзиш, ҷойи хӯрокхӯрӣ,истироҳат ва киобхонаи қисми низомиро аз назар гузарониданд.

Бахшида ба Рӯзи сарҳадчиён» аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  ба хизматчиёни қисми низомии мазкур дастурхони идона ороста шуд.