(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз аҳли маҳаллаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд филми «Хиёнат»-ро дастҷамъона тамошо карданд. Маълум гардид, ки филми мазкур дар асоси далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст. Таҳиягарони филм тавонистаанд, ки ба амалҳои ҳизб ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст дода, манзараи таърихи сиёсии кишварро мунсифона тасвир намоянд.

Воқеан ҳам аҳолии Тоҷикистон фаромўш накардаанд, ки ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ яке аз субъектҳои асосии барангезандаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар солҳои 90-ум буд. Ин ҷанги фоҷиабор, ки миллати моро ба вартаи нобудӣ мекашид, сабаби андўҳи гарони мардуми кишвар гардид. Дар давоми панҷ соли ин ҷанги таҳмилӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо қурбон шуданд, тахминан 2 миллион шаҳрвандон бе хонаву дар монданд, ҳазорҳо оила бепарстор монда, фарзандон ятим шуданд. Баъзе минтақаҳои мамлакат дар бунбасти иқтисодӣ монданд ва мардум гуруснагӣ мекашиданд. Аксари мардуми минтақаи ҷангзадаи кишвар аз рўи ноилоҷӣ гуреза ё муҳоҷир шуданд. Аз рўи ҳисобҳои тахминӣ, ба иқтисодиёти Тоҷикстон 10 миллиард доллар зарари моддӣ расид.

Натиҷаи талошу заҳматҳои Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хомўш кардани оташи ҷанги бародаркуш буд, ки мардуми кишвар ба рўзҳои нек, зиндагии осуда, созандагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ расид. Албатта, хомўш кардани ҷанги бародаркуш кори осон набуд, вале сарсупурдагони ватан ба хотири миллат кўшиданд ва ноил шуданд: Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо шуд. Агарчи намояндагони ҲНИ ба сохторҳои давлатӣ ва қудратии Тоҷикистон ворид шуданд, вале ҳизби мазкур мақсади забт кардани ҳокимиятро меандешид. Аъзои фаъоли ҳизби мазкур дар Душанбе, Рашт, Хоруғ, Данғара тахрибкорию амалҳои террористӣ анҷом медоданд ва бо чунин амали нангин «қудрат»-и хешро муаррифӣ менамуданд. Ин ва дигар амалҳои нопоки ТТЭ ҲНИ аз ҷониби ҷомеа ва давлат маҳкум карда шуданд, доир ба ҷинояткории ин ватанфурўшон маводҳо дар васоити ахбори омма ба нашр расидаанд, якчанд ҳуҷҷатҳо ба намоиш гузошта шуданд, ки амалҳои зиддиқонунӣ ва гуноҳи аъзои ҳизбро тасдиқ мекунанд.

Дар филми мустанади «Хиёнат» гуноҳҳои сарвар ва аъзои фаъоли ин ҳизби террористию эктремистӣ комилан фош карда шуда, дар сатҳи баланди касбӣ омода гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд