(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ иншооти гуногуни хизматрасонӣ бунёд карда мешаванд. Аз ҷумлаи чунин иншоот тарабхонаи «Форел» мебошад, ки дар соҳили рости дарёи Сир бунёд шуда истодааст.

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз раванди сохтмони тарабхонаи «Форел» ошноӣ пайдо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки тарабхонаи «Форел» барои ҷалби сайёҳон бахусус хориҷиён нигаронида шуда, дар атрофи он барои шаҳрвандон мавзеъҳои истироҳатӣ бунёд карда мешавад. Аз ҷумла бунёди як шиногоҳ ба нақша гирифта шудааст.

Алҳол таҳкурсии иншоот пурра ба итмом расида, корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ дар ошёнаи якуми иншоот бомаром идома дорад. Муассиси ширкати «Форел» Муҳсин Шодиев иттилоъ дод, ки иншоот аз таҳхона ва 2 ошёна иборат буда, дар масоҳат 960 метри мураббаъ сохта мешавад. Алҳол дар иншоот наздик 30 нафар фаъолияти пурсамар доранд ва баъди истифодадии он беш аз 25 нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти ширкати «Форел» ҷиҳати суръатбахшии босифати корҳо дастуру супоришҳо дода, баҳри ободонии атрофии он, ташкили инфрасохтори сайёҳӣ машварат дод.

Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки дар зудтарин фурсат шиногоҳи нави мутобиқ ба меъёрҳои беҳдоштӣ барои шаҳрвандон сохта ба истифода дода шавад. Таъкид шуд, ки атрофи иншоот пурра тоза карда шуда, барои мардум шароити созгори истироҳату фароғат дар соҳили дарёи Сир муҳайё гардад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки тарабхонаи «Форел» аз ҷониби ҶДММ «Форел» сохта шуда истодааст, давоми соли ҷорӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд