(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба «Рўзи маъюбон» кӯмакҳои пулии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба 77 нафар кӯдакон ва донишҷӯёни шаҳри Хуҷанд дастрас карда шуд.

Аз ҷониби Асрор Шарифзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ба 72 нафар маъюбони навраси синну солашон гуногун ва 5 нафар донишҷўёни шаҳри Хуҷанд кўмакпулии яквақта, ки тибқи қарори Раиси вилояти Суғд ҷудо шуда буд ва ҳамзамон тўҳфаҳои хотиравӣ дастрас карда шуданд.

Асрор Шарифзода зимни ироаи номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бахшида ба Рӯзи маъюбон аз ҷумла иброз дошт, ки дар саросари кишварамон Рўзи маъюбон қайд карда мешавад, ки далели эътибори Ҳукумати мамлакат, хосатан, таваҷҷўҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати инсонҳоест, ки бо амри тақдир имконияташон маҳдуд аст, вале тавассути иродаи қавиву мустаҳкамашон побанди қисмат нестанд, балки тақдирсозанд, рўҳафтода нестанд ва ҳамеша сарбаланданд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки кулли сокинонаш инсонпарвару мардумдўстанд ва ҳамдигарро ба накўкорӣ даъват менамоянд, парастории маъюбон ва пирони барҷо- монда барояшон амали муқаррарист. Ин масъала дар сатҳи давлатӣ ҳалли мусбати худро ёфтааст.

Таваҷҷўҳи доимӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба маъюбон, ҷорӣ кардани имтиёз ва аёдати ин қабил ашхос дар рўзҳои иду айём, аз тадбирҳое маҳсуб меёбанд, ки барои дастгирии моддию маънавӣ равона карда шудааст. Дар шаҳр онон бо дастгирии моддию маънавии ҳамаҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд фаро гирифта шудаанд.

Худи ҳамон рӯз тибқи қарори дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд барои 62 нафар бошандагон низ кўмаки моддӣ ҷудо карда шуд. Ба 2 нафар маъюбони шаҳри Хуҷанд аробачаи маъюбӣ дастрас гардид.

Тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода 20 нафар шахсони маъюб аёдат карда шуда ба ҳамаи онҳо маводи ниёзи аввал дастрас карда шуданд.

Маъюбон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ болида гардида, таъкид доштанд, ки дарди рўзгорро кам эҳсос кунанд, худро доимо дар паноҳи давлату ҳукумат ва ҷамъият эҳсос менамоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд