(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз фаъолияти коргоҳи ресандагии ҶДММ «Сомон гуруҳ» боздид намуданд.

Тавре, ки иттилоъ дода шуд, ки алҳол дар корхонаи мазкур корҳои барқароркунии он ҷараёни тоза касб намуда, интизор меравад, ки то охири моҳи июли соли соли равон ин корхонаи саноатӣ бо муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ бо фарогирии 350 нафар коргарон ба кор шуруъ хоҳад намуд. Иқтидори ин коргоҳ дар як шабонарӯз коркарди беш аз 8 тонна пахта буда, он асосан маҳсулоти хешро ба хориҷа содирот хоҳад намуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ин иқдоми моликони корхонаро фоли нек арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки ҷиҳати то коркардаи ниҳоӣ расонидани пахта тадбирҳои андешида шавад. Зеро майдони истеҳсолии корхона чунин иқтидорҳоро дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода барои рушди босуботи корхона ва дигар коргоҳҳои ҳамсони он таъсиси Ассотсиатсияи корхонаи саноати сабуки вилоятро муҳим арзёбӣ намуд. Зеро бо ташкили чунин иттифоқ имкони ба роҳ мондани равобити мустақим байни корхонаҳои саноати сабук роҳандозӣ гардида, ҳамзамон он ба таври таъҷилӣ ҳал намудани мушкилоти ба миёномада мусоидат хоҳад намуд. Гузашта аз ин дар заминаи Ассосиатсия ба роҳ мондани содироти маҳсулоти саноати вилоят ба хориҷи кишвар, андӯхтани таҷриба ва андӯхтани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд амалӣ хоҳад шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки масъулини соҳаи саноати вилоят баҳри босифат истеҳсол намудани маҳсулот эътибори ҷиддӣ диҳанд, дар баробари таъмини эҳтиёҷоти дохилӣ баҳри содирот ба хориҷи кишвар тадбирҳои муҳим андешида шавад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи 17 корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 125,7 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шуда, ҳиссаи он дар маҷмўи маҳсулоти саноатӣ 22,8 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин аз ҷониби 63 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 202,7 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 53,4 млн. сомонӣ ё 35,8 фоиз зиёд мебошад.

Дар корхонаҳои шаҳри Хуҷанд ҳаҷми 36 намуд маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст.

Боиси қайд аст, ки дар давраи паҳншавии касалии сироятӣ баҳри таъминоти аҳолӣ ва муассисаҳои тандурустӣ фавран аз ҷониби 13 корхонаҳои саноатӣ ба монанди: ҶДММ “Ҷавонӣ”, “САТН”, “Сано”, “Зиннат”, “Нассоҷи Хуҷанд”, “Текстил и Ко”, “Олимхони Хуҷандӣ”, “Сирдарё”, “Чои Шифо”, “ММК”, “Давои Сино 70”, “Сайхун” ва “Қолинҳои Сомон” зиёда аз 4,2 млн. дона ниқобҳо, либоси махсуси тиббӣ ва маводҳои антисептикӣ ба маблағи 37,8 млн. сомонӣ истеҳсол карда шуд, ки қаблан онҳо аз хориҷи кишвар ворид мегардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд