(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altЧунин унвон дорад китоби тозанашри олимони шаҳри Хуҷанд Ваҳҳоб Набиев, Аюбҷон Усмонов ва Зафарҷон Қобилов, ки дар мавзуъи саҳму корнамоӣ ва қаҳрамониҳои тоҷикистониён дар ҷабҳаю ақибгоҳи Ҷанги бузурги Ватанӣ (1941-1945) бахшида шудааст, тариқи нашриёти “Меъроҷ” дар ҳаҷми 244 саҳифа бо теъдоди 200 нусха рӯйи чоп омад.

Муаллифон бо факту арқоми раднопазир навиштаанд, ки дар арафаи ҷанг дар Тоҷикистон 1 миллиону 300 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат мекард. Аз ин миқдор дар ин ҷанг зиёда аз 300 ҳазор нафар ширкат варзида, бештар аз 100 ҳазор нафари онҳо ба ҳалокат расиданд. Аз фиристодагони халқи тоҷик дар набардҳои ҷанг зиёда аз 56000 ҷанговар бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд. Дар ин ҷанг зиёда аз 32 ҳазор бонувони тоҷику тоҷикис¬тонӣ ҳамчун снайперчӣ, разведкачӣ, тирандоз, ҳамшираи шафқат ва лётчик ҷангида, шуҷоату қаҳрамониҳои бемисл нишон додаанд. Аз миёни онҳо 54 нафар ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони Итти¬фоқи Шӯравӣ ва 15 ҷанговар ба гириф¬тани се дараҷаи ордени Шараф сазовор гардиданд.

Муаллифони китоб ҳамчунин доир ба саҳми аҳли маорифу фарҳанг дар ғолибият алайҳи фашистон маълумот дода, аз ҷумла зикр доштанд, ки аз байни тоҷикон аллома Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз аз ибтидои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар мақолаю асарҳои хеш ба монанди «Таджикистан – фронту» соли 1941, «Борьба таджикского народа про¬тив чужеземных захватчиков и поработителей» соли 1942, «Все силы на разгром врага» соли 1942-ро навишт. Дар ин нигоштаҳои ҳарбии ватандӯстона муаллиф хонандагонро бо таърихи бою қадимаи ҳалқи тоҷик, фарзандони далеру ҷасур, ба монанди Шерак, Спитамен, Муқаннаъ, Темурмалик, Маҳмуди Торобӣ, инчунин қаҳрамонии фиристодагони халқи тоҷик дар набардҳо ба монанди Тӯйчӣ Эрйигитов, Исмоил Ҳамзаалиев, Ҳодӣ Кенҷаев, Саидқул Турдиев, Ҳайдар Қосимов, Қудрат Қайюмов, Эргаш Рӯзиев, Ҳоҷӣ Қобилов шиносонида, ҳамзамон доир ба корнамоиҳои фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаву задухӯрдҳои назди Москва дар мисоли дивизияи бистуми савораи сазовори орденҳои Ленин ва Байрақи Сурхдор, ки дар Тоҷикистон ташкил ёфтааст ва дигар корномаҳои халқи тоҷик дар ақибгоҳ маълумотҳои фаровон оварда шудааст.

Дар поёни ин маводи таълимӣ муҳимтарин маълумоти иловагӣ оид ба Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 низ ба таври фишурда оварда шудааст.

Ҳамчунин барои баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии насли наврасу ҷавон - хонандагону донишҷӯён, афзудани эҳтиромгузории онҳо ба арзишҳои миллӣ ва таърихӣ дар хатми ин китоб гуфторҳои дар ин мавзӯъ ироанамудаи Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷой дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд