(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТавре, ки иттилоъ доред, моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят озмуни фосилавии иншои беҳтарин дар мавзуҳои "Ваҳдат - кафили сулҳ" ва "Тозагӣ - гарави саломатӣ" бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳимояти Раёсати маорифи вилоят ташкил ва баргузор гардид.

Бино ба гуфти роҳбари Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ба кумитаи тадорукоти озмун 478 иншо аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят ворид гардида, дар натиҷаи баррасӣ озмун, ғолибон муайян гардиданд. Ҳамин тавр, дар наминнатсияи ИНШОИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗӮИ: "Ваҳдат - кафили сулҳ" то 13 сола: ҷойи 1. Лайло Қӯзибоева – МТМУ№8, синфи 4 шаҳри Хуҷанд, ҷойи 2. Хуршед Камолзода – МТМУ№30 синфи 6 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷойҳои 3. Беҳруз Асатуллоев - МТМУ №7, синфи 7 ноҳияи Шаҳристон ва Меҳрангез Абдуллоева – МТМУ№26, синфи 7 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба даст оварданд.

Дар бахши ИНШОИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗУИ: "Ваҳдат - кафили сулҳ" то 18 сола: ҷойи 1. Комрон Юсуфов – хонандаи синфи 8-и литсейи физикӣ математики №1 ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд, ҷойҳои 2. Малика Турсунова - Литсейи №1, синфи 11 шаҳри Бустон, Шукрона Муродова - МТМУ №1, синфи 10, шаҳри Панҷакент ва мақомҳои сеюмро дар ин бахш Малика Махсумова – МТМУ№38, синфи 9 ноҳияи Деваштич ва Марям Мамадқулова - МТМУ №5, синфи 10 шаҳри Гулистон соҳиб шуданд.

Дар номиннатсияи ИНШОИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗУИ: "Тозагӣ- гарави саломатӣ" то 13 сола : ҷойи 1 Фарангиз Фаррухзода - 7 сола шаҳри Бустон(хурдтарин иштирокчии озмун), ҷойи 1 Зафари Муҳаммадсалим - синфи 6 МТИ№4 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷойи 2 Нушини Ховар - синфи 6 МТМУ№1 ноҳияи Айнӣ, ҷойи 3 Сабоҳат Эргашева - синфи 6 МТМУ№39 шаҳри Истаравшан ба даст оварданд.

Дар бахши ИНШОИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗУИ: "Тозагӣ- гарави саломатӣ" то 18 сола: ҷойи якумро Шаҳроми Маъмур - МД "Мактаб барои хонандагони болаёқат"- и шаҳри Хуҷанд, синфи 7, ҷойҳои 2 Наргиза Азизова - литсейи №2 синфи 10 ноҳияи Ашт, Хуршедзода Парвина – МТМУ№ 25, синфи 8 шаҳри Конибодом, ҷойҳои 3 Мадалиева Шамсия – МТМУ№7,синфи 11 ноҳияи Ашт, Сабрина Файзиева – МТМУ№10, синфи 11 МТИ №4 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров лоиқ гардиданд.

Лозим ба таъкид аст, тамоми иштирокчиёни озмун барои штироки фаъолона бо Сипосномаи Раёсати маорифи вилоят қадршиносӣ хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, ки маросими супоридани Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ бо ҳамоҳангӣ дар фурсати муносиб баргузор мегардад.

Маркази таҳсилоти иловагии вилоят барои иштироки фаъоли хонандагон дар озмунҳои мазкур миннатдорӣ баён намуда, иттилоъ медиҳад, ки ғолибони озмуни расми беҳтарин бо сабаби зиёд будани теъдоди иштирокчиёнаш таърихи 06.07.2020 сол эълон карда мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд