(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар чаҳорчӯбаи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Раҷаббой Аҳмадзода Раиси вилояти Суғд аз фаъолияти коргоҳи навтаъсиси “Косибон” ошноӣ пайдо намуданд.

Тавре ки иттилоъ дода шуд, коргоҳи мазкур дар минтақаи саноатии Шимолу – шарқии шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, дар заминаи таҷҳизоти мавҷуда ба истеҳсоли матоъҳои маҳалии гуногуни пахтагин аз ҷумла карбос, суф, дока истеҳсол менамояд. 25 нафар сокинони маҳаллӣ аллакай бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Ашёи хом барои истеҳсоли матоъҳо аз корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Хуҷанд дастрас мегарданд. Корхонаи мазкур баъди истеҳсоли матоъ дар марҳилаи минбаъда барои дӯхти либосҳои гуногун, аз ҷумла варзишӣ онро мавриди истифода қарор медиҳад. Корхонаи навтаъсис имконият дорад, ки маҳсулоти бо сифати баланд ва ба саломатӣ безарар истеҳсол карда, на танҳо маҳсулоти воридотивазкунанда, балки ба содирот нигаронидашударо ба бозорҳои дохилу хориҷ пешниҳод намояд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Раҷаббой Аҳмадзода Раиси вилояти Суғд ба муассиси корхонаи “Косибон” барои рушди истеҳсолот, тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда дастуру супоришҳо доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд