(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз фаъолияти шашмоҳаи соҳаи маорифи натиҷагирӣ карда шуд.

Нахуст, Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳр доир ба дастовардҳои соҳаи маориф дар соли таҳсили 2019-2020, аз ҷумла шашмоҳаи соли равон иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ин марҳиларо бо рӯҳияи баланди худогоҳию худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ бо дили гарму рӯҳи қавӣ ва умеду орзуҳои нек ба ояндаи дурахшони кишвар ва омодагӣ ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуда, дар баргузории маъракаи интихоботии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлиси вакилони халқ фаъолона ширкат варзида, фаъолияти назарраси худро баҳри таълиму тарбияи шоистаи насли наврас равона намуда, ба як қатор дастовардҳои назаррас мушарраф гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ мониторинги сатҳи дониши хонандагон муайян карда шуд, ки дар моҳи март сифатнокӣ- 53,7 ва азхудкунӣ 99,9 –ро ташкил дод. Барои иҷрои талаботҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сироятии коронавирус COVID – 19 ҷиҳати фароҳам овардани заминаи устувори ахлоқӣ, таъмини тарзи ҳаёти солим, эҳтиром ба муқаддассоти миллӣ ва умумибашарӣ, тарбияи шахсияти дорои эҳсоси масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо истифодаи тарзу усулҳои муосири иттилот маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони синф корҳои фаҳмондадиҳиро мунтазам ба роҳ монда истодаанд.

Дар муҳлати 3 сол таҷҳизонидани 25 адад кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла кабинетҳои физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, суруд ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ба нақша гирифта шудааст. Дар соли 2020 бошад, муҷаҳҳазгардонии 10 кабинети фаннӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. Зикр гардид, ки 95 адад кабинетҳо ва озмоишгоҳҳои фаннӣ дар соли 2019 муҷаҳҳаз гардонида шуданд, ки ин 380%- и иҷроиши Барномаро ташкил медиҳад. Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд барои иҷроиши Барномаи мазкур аз санаи 13 феврали соли 2019, №113 601.000 сомонӣ ҷудо гардид. Барои соли 2020 бошад, 221.000 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Айни замон дар 47 муассисаҳои таълимӣ 71 синфхонаҳои компютерӣ, ки дар он 1631 компютерҳо, принтерҳо -223 адад, тахтаи электронӣ - 171 адад ва проектор -222 адад мавҷуд буда, ҳамаи синфхонаҳо ба шабакаи Интернет ва шабакаи дохилӣ пайваст карда шудаанд.

Сипас дар ҷараёни ҷаласа рафти татбиқи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ барои солҳои 2018 -2020, ҷиҳати ба таълим фаро гирифтани хонандагон ва натиҷаи бақайдгирии моҳи май, қарори маҷлиси назоратии назди Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.05.20 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода зимни баромади худ доир ба фаъолияти назарраси шуъбаи маориф дар нимсолаи соли ҷорӣ ибрози андеша намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳо дод.

Дар анҷоми ҷаласа ба як қатор пешсафони соҳа, ки соли таҳсилро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст карданд, сипосномаҳои шуъбаи маориф тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд