(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сохторҳои он бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ дар маъракаи густурдаи ҳашари дастҷамъонаи умумишаҳрӣ иштирок намуда, ҷиҳати боз ҳам зебову хуррам гардидани шаҳри бостонии Хуҷанд ҳиссагузорӣ намуданд.

Ҳашарчиён дар қадди шоҳроҳҳои асосии шаҳр корҳои созандагӣ анҷом дода, ҳамзамон дохили маҳаллаҳоро аз ҳамагуна партов тоза намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ҷараёни ҳашарҳои умумишаҳрӣ боздид намуда, барои ҷоннок намудани корҳо дар бархе маҳаллаҳо дастуру супоришҳо дод.

Воқеан ҳам яке аз ҳадафҳои Роҳбарияти Давлату Ҳукумат аз эълони солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ маҳз аз он иборат аст, ки бо истифода аз ҳамаи василаву имкониятҳо маҳалли зисти хешро обод кунем, маданияти шаҳрдориро риоя намоем, инфрасохтори иҷтимоиву сайёҳиро тараққӣ диҳем ва бо ҳамин роҳ барои ҷалби сайёҳони дохили хориҷӣ имкониятҳоро фароҳам созем.

Бояд зикр кард, ки ҳадафи ҳашар- тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи чавонон дар рӯҳияи инсондӯстиву якдилӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Ин иқдом идомаи анъанаҳои наҷиби ниёгонамон бобати беҳдошти муҳити зист мебошад, зеро тоза нигоҳ доштани атроф, пайравӣ ва саҳмгузорӣ дар амали хайр ва пос доштани анъанаҳои наҷиби гузаштагонамон аст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд