(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Фарорасии Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зистро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба кулли кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист табрику муборакбод гуфта, барояшон сиҳатмандиву барори кор ва зиндагии шоиставу пурнишотро таманно дорам.

Воқеан, баргузории Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист барои ҳушдор кардани ҷомеа аз муаммоҳои экологӣ имконият фароҳам оварда, барои аз таназзулёбӣ нигоҳ доштани табиат ва хароб шудани вазъи муҳити зист дар сайёра мусоидат хоҳад кард.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, “Тоҷикистон гўшае аз биҳишти рўи замин аст. Аз ин рў, мо шаҳрвандони ҷумҳуриро зарур аст, ки ин неъмати бебаҳоро оқилонаву самаранок истифода карда, аз ифлосшавию харобӣ ва умуман ҳар гуна хатарҳои номатлуб ҳифз намоем”.

Боиси ифтихор ва сарбаландии мост, ки шаҳри Хуҷанди бостонӣ чун ҷузъи ҷудонашавандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои табиати бою рангин буда, кўҳи сарбафалак - кашидаи Мевағул, чашмаҳои мусаффову дарёи равони Сир, боғу бўстон ва гулзору чаманзорҳо шаҳри моро ҳусни дигар бахшидаанд.

Ҳамзамон, дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба эълон намудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳри азизамон ободонию бунёдкорӣ вусъат бахшида шуда, дар ин радиф ба сабзкории гулгашту хиёбонҳо таваҷҷўҳи махсус зоҳир гардида, то имрўз садҳо ҳазор бех ниҳоли ҳамешасабзу сояафкан ва гулҳои маҳаллии ороишӣ шинонида шуда, ҳамарўза барои хуб нашъунамо гаштани онҳо тибқи риояи қоидаҳои агротехникӣ аз ҷониби масъулини соҳа кор барӣ шуда истодааст.

Боварӣ дорем, ки шумо кормандони ҳифзи муҳити зист фаъолияти хешро баҳри пурзўр намудани назорати давлатӣ дар самти беҳдошти муҳити зист ва ба оқилона истифода намудани сарватҳои табиӣ таҳким бахшида, барои аз лиҳози экологӣ тозаву обод нигоҳ доштани шаҳри Хуҷанд саҳми назарраси худро мегузоред.

Бо чунин таманниёти нек, бори дигар ҳамаи шумо - кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зисти шаҳрро бо иди касбӣ табрику таҳният намуда, ба хонадонатон осоишу ободӣ, рўзгори ободу босаодат ва дар иҷрои рисолати касбиатон барору комёбиҳо орзу мекунам.