(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Маликаи шаҳри Хуҷанд муайян гардид.

Саноат Раҳимова, донишҷўи соли якуми факултети география-экологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дар озмуни «Маликаи соли 2014»-и шаҳри Хуҷанд ғолиб гардида, сазовори мукофоти олии Гран-прӣ шуд. Дар канори ин, ҷойи дуюмро Нилуфар Юсуфова аз факултети математика ва ҷойи сеюмро Фарангис Муҳиддинова, донишҷўйи факултети таърих ва ҳуқуқ, ки ҳардуи онҳо низ донишҷўёни донишгоҳи номбурда мебошанд, ба даст оварданд. Ба «Маликаи соли 2014»- Саноат Раҳимова тӯҳфаҳои таъсис намудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва роҳхат ба осоишгоҳи «Баҳористон» супорида шуд.
Озмуни «Маликаи сол» дар маркази вилоят ҳамасола гузаронида шуда, ин чорабинӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо мақсади эҳё намудани анъанаҳои миллӣ, тарбияи маънавию эстетикии ҷавонон, эҳтиром ва муҳаббат нисбат ба зан, ҳусну ҷамол, тарзи муомилаву завқи либоспӯшӣ, мустаҳкам намудани тарбияи зебоипарастии ҷавонон ташкил мешавад.

Соли ҷорӣ дар давраи ниҳоӣ 6 нафар довталабон дар озмуни «Маликаи соли 2014» иштирок намуданд.
Дар интиҳои озмун мудири Бахши ҷавонон  варзиш ва сайёҳии Бахтиёр Исматҷонов  иштирокдорон ва ғолибони ин озмуни зебоӣ ва ҷавониро аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо Рӯзи ҷавонон  табрик намуда, изҳори умедворӣ намуд,ки   ҷавонон ҳамеша  тарғибгари фарҳангу маърифати баланд ҳастанд.