(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altШоми дирӯз бо мақсади риояи қоидаҳои санитарӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ дар яке аз бозорҳои калонтарини шакли пӯшидаи Осиёи Марказӣ бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд ва кӯчаву бозорҳои атрофи он корҳои дизенфексионӣ анҷом дода шуд.

Ин тадбирҳо аз ҷониби сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аз ҷумла хадамоти оташнишонӣ, Маркази назорати давлатии сантирию эпидемологӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятии кроновируси нави COVID-19 ва таъмини солимии шаҳрвандонву фурӯшандагони ин бозор роҳандозӣ гардида, ҳамзамон гирди атрофии бозор, дигар марказҳои савдои ҳудуди он ва кӯчаву истгоҳҳо безарар гардонида шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бозори «Панҷшанбе» дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгир мебошад ва яке аз шукӯҳҳои шаҳрдории ин марзи қадим ба ҳисоб меравад. Сохтмони бозори «Панҷшанбе» миёнаи солҳои 50-уми асри XX сурат гирифтааст. Пирони рўзгордида нақл мекунанд, ки рӯзи ифтитоҳи бозор ва нахустин рӯзи савдову хариди тоҷирон ва сокинон ба рӯзи панҷуми ҳафта, яъне рӯзи панҷшанбе иттифоқ афтодааст. Аз ин рӯ, аз ҳамон лаҳза онро бозори «Панҷшанбе» ном бурданд.

Имрӯз бозори марказии «Панҷшанбе» шабонарӯз фаъолият дошта, ба маркази бузурги савдо на фақат дар дохили кишвар, балки дар минтақа гардидааст. Хусусан шомгоҳон ба ин маркази савдо ҳазорҳо тонна маҳсулоти кишоварзӣ оварда мешаванд ва аз ин ҷо ба дигар шаҳру навоҳии мамлакат интиқол меёбад.

Масъулини шаҳрдорӣ тасмим гирифтаанд, ки чунин корҳои безараргардонӣ дар ин бозор минбаъд бештар гузаронида шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд