(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Коллеҷи омўзгории шаҳри Хуҷанд ва Боғи истироҳатию фароғатии Абўмаҳмуди Хуҷандӣ бо сокинони маҳаллаҳои «Суғдиён», «Сайҳун, «Дўстии халқҳо» ва «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд вобаста ба пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 мулоқоту вохўриҳои Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.

Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд дар мулоқот суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт ки кам шудани шиддати беморӣ дар шаҳри Хуҷанд бархе сокинонро хушҳол намуда, бидуни зарурият ва бениқоби гигиенӣ ба кўча баромада истодаанд. Ҳамчун, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бахусус бозорҳо ба чашм расидани ҷамъшавии одамон, ки омили асосии сироятёбӣ маҳсуб мешавад дар вазъияти имрўза хатарнок мебошад. Масъулини шаҳрро зарур аст, ки ҷиҳати корандозии маъракаҳои фаҳмонидадиҳӣ фаъол бошанд. Қайд гардид, ки ба марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд оид ба гардиши хона ба хона ва ёрии амалӣ расонидан вобаста шудаанд. Тамоми имконият ва иқтидорҳо барои пешгирӣ ва муолиҷаи ин беморӣ сафарбар карда шудааст. Духтурон бо корҷома ва дигар маводи беҳдоштӣ таъмин гардида, дар беморхонаҳо се маҳал хўроки гарм ташкил шудааст. Тамоми дорухонаҳо бо доруҳои зарурӣ таъмин ва имрўз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода боз чанд номгўи дору ва маводи озуқа ба миқдори зиёд ба марказҳои саломатӣ ва мардуми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тақсим карда шуд. Инчунин, дар бинои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолият оғоз намуд. Ташхисгоҳи мазкур бо мақсади муайян намудани бемории сироятии коронавирус мусоидат мекунад. Фаъол гардидани чунин озмоишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд имкон медиҳад, ки барои муайянсозии бемории навъи коронавирус (COVID-19) корҳо ҷоннок гардад.

Дар анҷоми мулоқот аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки аз саломатии ҳамдигар огоҳ шуда, беҳдошти гигиэниро дар ҷойҳои кор, ҷойҳои ҷамъиятӣ, кўчаву маҳалҳо ва манзили зист риоя намояд. Бобати ҷоннок намудани фаъолият дар самти пешгириву пурра аз байн бурдани бемории сироятии коронавирус, бартараф сохтани камбудиву мушкилоти ҷойдошта, чораҳои муассир андешида шавад. Оид ба тозагии маҳалли зист ва бо реҷаи муайян баровардани партовҳо, назорати кўдакону наврасон зимни таътил, бидуни зарурат ба кўча набаромадани калонсолон ва дар ҳолати баланд шудани ҳарорати бадан духтури оилавиро даъват намудан, тарзи истифодабарии ниқобҳо, шустани дастон ва тарзи ҳаёти солим риоя намоянд.

Сокинон бо сардухтурони марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд оид ба пешгирии бемории сиротии корнавирус саволу ҷавоб намуданд. Ҳамзамон таъкид намуданд, ки аз тарафи МНДСЭ-и шаҳри Хуҷанд ҳамаи биноҳои баландошёнаи маҳаллаи 20-ум ва маҳаллаҳои “Суғдиён”, “Сайҳун”, «Дўстии халқҳо», «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд корҳои безараргардонӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ҷараёни мулоқот Фирӯза Нуруллозода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, раисони “Суғдиён”, “Сайҳун”, «Дўстии халқҳо», «Навбаҳор»-и шаҳр иштирок ва доир ба пешгирии бемории короновирус изҳори андешаронӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд