(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз корхонаи саноатии "ВТ-Силк»-и шаҳри Хуҷанд, ки бо коркарди пилла машғул аст, боздид ба амал оварда, бо фаъолияти ин корхонаи дар гузаштаи начандони дури пешқадам аз наздик шинос шуданд.

Тавре, ки роҳбарияти корхонаи "ВТ-Силк» ба Роҳбари вилоят иттилоъ дод, корхона фаъолияти муназзами худро ба роҳ мондааст ва миқдори муайяни маҳсулоти хом дар амбори он нигоҳ дошта мешавад. 60 нафар бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуда, захираи маҳсулоти хоми корхона 138 тоннаро ташкил медиҳад. Вале он нокифоя буда, тадбирҳои бештар ворид намудани ашёи хоми ватанӣ андешида шуда истодааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва маъмурияти корхонаи мазкур дастур дод, ки ҷиҳати харидорӣ ва захира намудани миқдори зиёди пилла тадбирҳо андешанд. Дастур дода шуд, ки захираи пила то 300 тонна расонида шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода аз раванди фаъолияти корхона, зимни боздид аз сехҳо ва суҳбат бо кормандон ошноӣ пайдо намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани шароити корӣ ва муназзам фаъолият намудани корхона супоришҳо дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд