(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ду нафар наврасони маъюбро аёдат намуда, ба онҳо туҳфа ва маблағҳои пулӣ тақдим доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо кӯдаки маъюб Аъзамхон Ишонов, сокини маҳаллаи Сари баландӣ ва Азизахон Мансурова сокини маҳаллаи Чорчароғ нахуст эшонро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки шарту шароит ва имконияти зисту зиндагонии нафарони имконияташон маҳдуд зери таваҷҷуи доимии шахсии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин доира дар қаламрави вилоят пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ниёзмандон, пирону барҷомондагон ва маъюбон як ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, дар ин доира пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Бо мақсади ба кӯдаки маъюб таъмин намудани ҳаёти мукаммал ба онҳо таъминоти моддӣ, маишӣ, иҷтимоӣ, таъминоти доруворӣ ва влситаҳои тавонбахшӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба таври ройгон кафолат дода мешавад. Барои барқарор намудани саломатии эшон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз тамоми имконоту василаҳо истифода хоҳад намуд.

Наврасон ва волидайни эшон баро чунин самимият ва таваҷҷуҳ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимӣ изҳор доштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд