(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАз рӯзҳои аввали шинохти расмии пандемияи COVID-19 дар 36 муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд бунгоҳҳои тиббӣ ташкил карда шуда, ба онҳо намояндагони 6 Марказҳои саломатии шаҳр баҳри мубориза алайҳи пешгирию паҳншавии коронавирус вобаста гардиданд.

Имрӯзҳо низ дар назди Марказҳои саломатии ҳудуди муассисаҳои таълимӣ гуруҳҳо аз ҳисоби омӯзгорон ва мураббиён ташкил гардида, эшон бо ҳамроҳии кормандони соҳаи тиб барои фаҳмонидани моҳият ва мазмуни пешгирии вабои аср байни аҳолӣ корбарӣ намуда истодаанд.

Ин иқдом аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯзҳо тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла омӯзгорон дар паҳлуйи табибон истода, барои якдилона маҳв намудани пандемияи COVID-19 аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд