(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамшаҳриёни азиз!

Фарорасии Иди саиди Фитрро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба ҳамаи Шумо ҳамдиёрони арҷманд муборакбод намуда, ба хонадонатон осоишу ободӣ, саодати рўзгор, имону ибодати комил ва тани сиҳату хотири ҷамъ орзу менамоям.

Иди саиди Фитр яке аз суннатҳои муқаддаси мардуми мусулмони мо буда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ – сабру таҳаммул, некиву накўкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шафқат ва дигар амалҳои хайру созандаро дар худ ифода кардааст. Ин суннати муҳим дар қатори дигар ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ дар кишвари мо ҳамасола пас аз як моҳи ниёишу мағфират, покшавии ҷисму рўҳ ва накўкорию савобҳо бо хушҳоливу шодии зиёд таҷлил мегардад.

Бо шарофати истиқлолияти кишварамон, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросимҳои суннатию динӣ соҳиби имкониятҳои фаровон гардид. Дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накўкориҳо дар кишвари мо мақоми мустаҳкам дорад. Аз ин ҷост, ки Сарвари кишвар дар аксари мулоқотҳои худ таъкид мекунанд, ки дар шароити давлати озоди демократӣ ва дунявӣ имрўз имкон дорем, ки таълимоти созандаи дини мубини исломро, бахусус, доир ба тарғиби дўстиву муҳаббат ва кўмаку дастгирии байниҳамдигарӣ дар байни тамоми афроди ҷомеа густариш диҳем.

Тавре бузургони мо таъкид кардаанд, аз ҳама савоби бештар дар рисолати ислом хайру саховат ва олиҳимматӣ буда, савоби навозиши дилшикастагон аз фазилати ҳаҷҷи Акбар зиёдтар аст.

Махсусан дар рўзҳое, ки имрўз мутаассифона кишвари азизамонро бемории сироятии коронавирус «Ковид-19» фаро гирифтааст, ба ҷой овардани амалҳои хайру эҳсонкорӣ амали сари вақтӣ мебошад.

Боиси хушнудист, ки мардуми хуҷандшаҳр аз ҳамаи ин фазилатҳои бузургонамон огоҳии амиқ дошта, чун анъана дар рўзҳои моҳи табаррук дастгирии мўҳтоҷону ниёзмандон дар шаҳр аз ҷониби саховатмандону хайрхоҳон дар сатҳи баланд амалӣ шуда истодааст. Имрўз бо шарофати дастгирии ин гуна соҳибдилон тамоми муассисаҳои тиббии шаҳр ва табибон ҳамарўза таҳти кўмаку дастгирӣ қарор дода шуда, садҳо ҳамдиёрони арҷмандамон дар радифи маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат, кўдакони ятиму бепарастор дар арафаи ин Иди суннатӣ бо маводҳои хўрокаву кўмакҳои моддӣ мавриди аёдат қарор гирифта шуданд.

Бояд хотирнишон намоям, ки аз сабаби доман паҳн кардани бемории пандемияи коронавирус соли ҷорӣ бо қарори Шўрои уламои дини мамлакат хондани намози ид манъ гардид. Албатта ба ин ҳеҷ гоҳ рўҳ афтода шудан даркор нест, чун ҳамаи ин тадбирҳо баҳри пешгирии бемории мазкур ва тезтар бартараф намудани он мебошад. Бинобар ин, ба ҳамаи сокинони шаҳр бори дигар муроҷиат намуда, иброз медорам, ки ба ваҳму воҳима дода нашуда, тибқи тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб корбарӣ намоянд.

Имрўз давлату Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тадбирҳоро баҳри ҳарчи зудтар халос шудан аз ин беморӣ андешида истодааст.

Илова бар ин, вазъи санитарию эпидемиологии шаҳр таҳти назорати махсуси Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода қарор дошта, муассиссаҳои тиббии шаҳр ҳамарўза аз кўмаку дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бархўрдор ҳастанд.

Мо итминони комил дорем, ки дар якҷоягӣ рўзҳои наздик аз мушкилии ба сари мардумамон омада бо сарбаландӣ баромада, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳри азизамон ва баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум заҳмату талошҳои худро идома медиҳем.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи Шумоёнро бори дигар ба муносибати фаро расидани Иди саиди Фитр табрик намуда, бароятон хушбахтӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, рўзгори ободу босаодат ва ризқу рўзии фаровонро орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамшаҳриёни азиз!