(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони маъюбу камбизоати шаҳри Хуҷанд аёдат ва ба эшон маблағҳои пулӣ, тӯҳфа ва маводҳои ниёзи аввал дастрас карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокини маҳалаи Сирдарё Салимҷон Маҳкамбоев ва сокини маҳаллаи Масҷиди Сурх Гулбаҳор Каримоваро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки бо ҳидоятҳои раъиятпарваронаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумо ҷавонон ҳамеша зери парастиш ва таваҷҷуҳи хоса қарор доред. Имрӯз рӯзи ид аст, шодиву хурсандӣ намоед.

Зикр гардид, ки бо такя аз фазилати неки моҳи шарифи Рамазон ба ҷо овардани амалҳои хайр, аз қабили хабардор шудан аз ҳоли маризону муҳтоҷон ва маъюбон, ки аҷру савоби бештар дорад ва ин амалҳои солеҳ ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллии арзёбӣ мегардад, Роҳбарияти шаҳр тасмим гирифт, ки чунин қишри ҷомеаро аёдат намояд. Мусаллам аст, аёдати бечорагон, барҷомондагон, ятимону маъюбон, оилаҳои бепарастору камбизоат ва дигар ниёзмандон дар ҳамин моҳ савоби бештар дорад. Аз ин лиҳоз мо ба манзили шумо омадем.

Волидайни аёдатшудагон ва худи эшон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ болида гардида, зикр намуданд, ки мо ҳеҷ гоҳ худро танҳою бекас ҳис намекунанд. Диламон пур аст, ки Пешвои ғамхору мӯнис ва роҳбарони оқилу саҳоватпеша дорем. Хайру эҳсони шумо ба рӯзгоратон барака орад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд