(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз фаъолияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилоят боздид ба амал оварданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати ошкоро бо кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилоят, бахусус сироятшиносон аз вазъи феъолӣ ва роҳҳои гирифторшавии беморони COVID-19 иттилоъи бештар ба даст оварда, ҳамзамон бо ёдоварӣ аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ вобаста ба бемории коронавирус ва тадбирҳои саривақтии андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла таъкид дошт, ки аз рӯзҳои аввали пайдоиши пандемияи коронавирус ва илтиҳоби шуш дар кишвар тадбирҳои саривақтиро ба роҳ монда, бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди ҷумҳуриявиро таъсис дода шуд. Кори Ситод зери назорати шахсии Роҳбари давлат қарор дода шуд. Илова бар ин, тавассути бастани марзҳо, манъи парвозҳои байналмилалӣ ва карантин намудани мусофирони аз берун воридшаванда мо тавонистем муддате пеши роҳи паҳншавии босуръати вирусро нигоҳ дорем. Аммо таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки то ҳол ба ҷуз аз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ дигар роҳи самараноки пешгирӣ кардани паҳншавии ин вирус вуҷуд надорад.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки дар миқёси вилоят феълан 90 нафар сироятшиносон фаъолияти назаррас доранд, эшонро зарур аст, ки ҷиҳати пешгирии доимӣ ва анҷом додани корҳои беҳдоштӣ ва машварату раҳнамоӣ ба табибону аҳолӣ бештар замат кашанд.

Иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик озмоишгоҳи вирусшиносӣ дар назди Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилоят ба фаъолият оғоз намуда, ҷиҳати дарёфт ва муайян намудани беморони сиоятии короновирус мусоидат хоҳанд намуд.

Раиси вилоят аз кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилоят даъват ба амал оврад, ки зимни фаъолият сарҷамъу муттаҳид бошанд ва вазъи феълии сироятиро мунтазам назорат ва барои пешгирии ин вабои аср аз тамоми имконияту василаҳо истифода намоянд.

Роҳбари вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷараёни боздиди худ ҳамзамон аз раванди омодагӣ ба фаъолияти озмоишгоҳи вирусшиносӣ дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилоят аз наздик шинос шуда, ҷиҳати ҳарчи зудтар ба корандозии он ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилоят маводҳо ғизоӣ ва дорувориву таҷҳизоти тиббӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд