(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҶавонони саодатманди диёр, ҳамшаҳриёни азиз!

Фарорасии Рўзи ҷавонони Тоҷикистонро ба кулли ҷавонон табрику муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандиву хонаободӣ, рўзгори хушу хуррам ва фатҳи қуллаҳои муродро таманно менамоям.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба сўи пешрафтҳои навин қадамҳои босубот мегузорад ва дар давраи ҷаҳонишавӣ масъалаҳои марбут ба рўзгори ҷавонон ҳамчун нерўи ояндасози миллат дар меҳвари сиёсати давлату ҳукумати кишвар қарор дорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерўи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад.»

Воқеан ҳам, дилхоҳ давлати мутамаддин дар асоси рўҳияи баланди ватандўстии шаҳрвандонаш тараққӣ меёбад ва воқеист, ки дар ин раванд тавваҷҷўҳи бештар ба насли ҷавон дода мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ дар ҷодаи дастгирии насли ҷавон барои ба роҳ мондани ташаббусҳои навин ва татбиқи муваффақонаи сиёсати ҷавонон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст.

Хушбахтона, файзи амали сиёсати дурбинона аст, ки имрўз дар тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақши пуртаъсири ҷавонони кишвар ҳамчун нерўи ояндасоз ба пуррагӣ эҳсос мегардад.

Айни замон дар шаҳр садҳо нафар ҷавонон дар корҳои роҳбарии шохаҳои ҳокимият, истеҳсолоту тиҷорат, илму таҳсилот ва ғайраҳо пурсамар фаъолият доранд.

Илова бар ин, имрўз ҷавонони мо дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи умумиҷаҳонӣ низ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён шуда истодаанд. Дастовардҳои варзишгарон гувоҳи он аст, ки ҷавонон ҳамеша дар боло рафтани эътибори кишвари азизи мо дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Тавре ҷавонони мо огаҳӣ доранд, ҳамасола таҷлили Рўзи ҷавонон ва моҳонаи ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ гузаронида шуда, дар робита ба он даҳҳо чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ доир мегардид.

Мутаассифона соли ҷорӣ аз сабаби дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла кишвари азизамон паҳн гардидани пандемияи коронавирус “Ковид-19” тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ таҷлили оммавии чорабиниҳо манъ гардид, ки ин тадбир албатта танҳо ба хотири пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ мебошад. Мутмаъинем, ки ин муваққатӣ аст ва рӯзҳои наздик мо ба ҷараёни зиндагии муқаррарии худ пайваст мешавем.

Боиси сарфарозист, ки имрўз ҷавонони бонангу номуси шаҳрамон дар ин рўзҳои душвории ба сари мардум омада, ҳампаҳлўи давлату Ҳукумати кишвар буда, ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ байни ҷомеа саҳми босазои худро гузошта истодаанд. Албатта он рўз дур нест, ки ҳамаи мо дар сарҷамъию муттаҳидӣ ин бемории сироятиро пурра бартараф менамоем.

Боварии комил дорем, ки дар қатори мардуми сарбаланд ва ватандўсти кишвар ҷавонони мо чун фарзандони асили миллат Ватани азизи худро ба дараҷаи кишвари пешрафта расонида, давомдиҳандаи кору пайкори онҳо мегарданд.

Дар Рўзи ҷавонони Тоҷикистон орзуманди онем, ки ҳамеша толеи нек, бахти баланд ва хушиву хубиҳои ҷавонӣ ороишгари саҳифаҳои рўзгоратон бошад.

Идатон муборак, ҷавонони сарбаланд!