(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамарӯза дар асоси дастуру супориши Ситодҳои шаҳрию вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии сирояти короновирус дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд корҳои тамизгардонӣ ҷараёни тоза касб менамояд.

Ин тадбир аз ҷониби сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аз ҷумла хадамоти оташнишонӣ, Шуъбаи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Маркази назорати давлатии сантирию эпидемологӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии шаҳрвандон роҳандозӣ гардида, нахуст он дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ ва ғайра гузаронида шуданд.

Ин навбат корҳои безарагардонӣ дар маҳаллаҳои Себзор, Чорчароғ, Раззоқ, Масҷиди Савр ва инфрасохтори иҷтимоии ин маҳаллаҳо амалӣ карда шуд. Бояд қайд намуд, ки тамизагардонӣ бахусус дар қабристонҳои ин маҳаллаҳо сурат гирифт, ки барои солимии шаҳрвандон аҳамияти хоса дорад.

Ҳарчанд сироятёбии шаҳрвандон ба ин намуди беморӣ рӯзҳои охир дар шаҳри Хуҷанд коҳиш ёфта бошад ҳам, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус, дар корхонаву муассисаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ, тадбирҳои зиддиэпидемикӣ ва безараргардонӣ мунтазам роҳандозӣ карда мешаванд. Зеро, яке аз тадбирҳои аввалиндараҷа ва муҳими пешгирӣ аз вируси навъи нав чораҷӯиҳои санитарию эпидемиологӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷониби шаҳрвандон маҳсуб меёбад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд