(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади татбиқи нишондодҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, беҳбуд бахшидан ба вазъи экологии маҳаллаҳо ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар мавзеи соҳили дарёи Сир иқдоми «Тозагии соҳил барои истироҳати доимии шаҳрвандон» гузаронида шуд.

Аз ҷониби мутахасисон бо истифодаи дастгоҳҳои муосир алафҳои бегонаи соҳили дарёи рости дарёи Сир даравида шуд.

Ҳамзамон бо ҷалби техникаи муосир ва кӯмаки ширкати ватании «Сирдарё» дар соҳили чапи дарёи Сир корҳои тозакунии дарё амалӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузории ин иқдом тозагӣ ва тароват бахшидан ба соҳили дарёи Сир, тақвият додани корҳои ободонӣ, ба талаботи санитарию экологӣ ҷавобгӯ намудан ва таъмини беҳдошти муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Ҳамзамон аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд баҳри тоза нигоҳ доштани соҳили дарёи Сир, дигар манбаъҳои обӣ ва пешгирии ифлосшавии онҳо бо аҳолӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ суҳбатҳо гузаронида шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд