(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз Марказҳои саломатии №2, 4 ва 5 боздид ба амал оварданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулокоти озоду ошкоро бо табибону кормандони марказҳои саломатии нмбурда доир ба иқдомҳои Давлату Ҳукумат ҷиҳати муборизаи оштинопазир бо вабои аср- коронавирус ва илтиҳоби шуш иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки бо дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали пайдоиши пандемияи коронавирус ва илтиҳоби шуш дар кишвар тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ гардида, бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд. Инчунин, ҷиҳати расонидани кӯмаку дастгирӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳаҷми 29 миллион сомонӣ маблағҳои зарурии иловагӣ ҷудо гардида, кори ситод зери назорати шахсии Роҳбари давлат қарор гирифт. Ҳамчунин дар шаҳру вилоятҳо низ чунин ситодҳо ташкил гардида, маблағҳои зарурӣ дар ин самт ҷудо карда шуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки чанд рӯз қабл кӯмакҳои моддии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони иборат аз 140 мошини пурбор ба 18 шаҳру навоҳии вилоят тақсим карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки самараи муборизаи дастҷамъона буд, ки имрӯз сафи беморони короновирус назар ба рӯзҳои аввал хеле коҳиш ёфтааст. Мо бояд муборизаро алайҳи ин вабои аср дучанд намуда, дар зудтарин фурсат онро аз байн барем ва ба ҳаёти осоишта баргардем.

Раиси вилоят гуфт, ки бо андешидани тадбирҳои фаврӣ дар тамоми марказҳои саломатии шаҳр шароитҳои лозима барои қабул ва хизматрасонӣ ба беморон муҳайё шудааст. Оянда дар ин самт боз ҳам таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдор дастур дод, ки дар зудтарин фурсат рӯйихати беморони камбизоатро манзур намоянд, то ки ба онҳо дорувории ройгон дастрас карда шавад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки то охири ҳафтаи ҷорӣ озмоишгоҳи вирусологӣ барои муайян намудани беморони коронавируси COVID-19 фаъол мегардад ва тамоми ашхоси шубҳанок ба ин намуди беморӣ мавриди санҷиш қарор хоҳанд гирифт.

Раҷаббой Аҳмадзода ба табибону кормандони марказҳои саломатӣ гуфт, ки мо набояд ҳаргиз рӯҳафтода нашавем ва кӯшиш кунему бовар дошта бошем, ки бо талошу муборизаи муттаҳиду сарҷамъона, албатта, аз ин вазъи душвор мебароем. Ин чиз доимӣ нест. Вазъи сиҳатии омма зери назари доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Имрӯз тамоми роҳбарон 24 соат дар хидмати мардуманд.

Сипас ба Марказҳои саломатии №2, 4 ва 5-и шаҳри Хуҷанд кӯмакҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, аз қабили доруворӣ, корҷома, ниқоб, дастпӯшак, асбобҳои муҳофизатӣ, моддаҳои безараргардонии антисептикӣ ва дигар воситаҳои техникии тиббӣ тақдим карда шуданд.

Ҷомеаи меҳнатии Марказҳои саломатии шаҳр аз таваҷҷуҳи доимии Давлату Ҳукумат миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки ба сагандномаи худ то охири умр содиқ хоҳанд монд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд