(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади саривақт баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон доир ба масоили вобаста пешгирӣ аз паҳншавии короновируси COVID-19 дар назди Раёсати тандурустии вилоят, Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории короновирус COVID-19 ва тамоми марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд телефонҳои боварӣ амал мекунанд.

Шаҳрвандон дар сурати ба миён омадани зарурат, доир ба маслиҳат, ташхис, бистаригардонӣ ва ғайраҳо ба телефонҳои зерин муроҷиат карда метавонанд.

Телефони кутоҳи 211-и Маркази тамос шабонарӯз фаъол буда, шаҳрвандон метавонанд доир ба мушкилоти саломатии занг зада, машварат пурсанд.

Ғайр аз ин телефонҳои Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории короновирус COVID-19 55450 ва 60865 низ шабонарӯзӣ ба зангҳои Шумо ҷавоб медиҳад.

Рақами телефони боварии Марказҳои саломатии шаҳр:

Маркази саломатии №1 6-34-42, Маркази саломатии №2 — 6-66-19, Маркази саломатии №3 — 92-770-25-08, 92-740-04-77, 93-538-26-48, Маркази саломатии №4— 5-10-94, Маркази саломатии №5 — 2-44-97, 92-744-00-85, Маркази саломатии №6 — 4-15-75, 92-773-32-33 низ фаъол аст.

Гузашта аз ин дар Марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд тамоси видеӣ тариқи шабакаи ИМО (IMO) низ роҳандозӣ гардидааст. Маркази саломатии №1 927726700, Маркази саломатии №2 —927830073, Маркази саломатии №3 — 918 668788, Маркази саломатии №4— 928087610, Маркази саломатии №5 — 92-744-00-85, Маркази саломатии №6 — 92-799-4880 низ фаъол гардидааст.

Ғайр аз ин аз ҷониби Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории короновирус COVID-19 дар 40 ҳавзаи интихоботӣ бо ҷалби табибон ва ҷавонону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ марказҳои иртиботӣ таъсис шудааст, ки шаҳрвнадон метавонанд доир ба вазъи саломатии худ муроҷиат намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд