(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altҶавонони арҷманд!
Бо ҳисси қаноатманди ва ифтихори бепоён Шумоён, ҷавонони азиз, ворисони арзандаи насли шуҷою қаҳрамонро бо фарорасии иди пурфайзу пуршукӯҳ - Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд самимона табрик ва муборакбод менамоям.
Бароятон саодатнмандӣ, нерӯи тоза ба тозаи созанда ва сарбаландиҳо таманно мекунам.
Таҷлили ин санаи фархунда дар радифи созгориҳои ҳаёти ҷомеа шукӯҳу шаҳомати даврони ширини зиндагиро баралоина рӯй мекушояд ва насли ояндасози ҷамъиятро ба эҷодкориҳои нав ба нав ҳидоят месозад. Баргузории чунин тантанаи хотирмон, ки бо ибтикор ва ташаббуси Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар чунин фасли зебою гулшукуфти сол сурат мегирад, шаҳодати эътибор ва эътиқоди сарвари давлатамон ба кули ҷомеа нисбати ҷавонон, нерӯи эҷодгар ва созандаву бунёдкори онҳост.

Дар доираи омодаги ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар саросари шаҳрамон гузаронида шудани чорабиниҳо эътимоди қавии насли ҷавонро ба ҳадаф ва ниятҳои неки роҳбарияти вилоят, шахсан ба Раиси вилоятамон муовини аввали Раиси Маҷлиси Милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ боз ҳам қавитар гардонд. Ҳадафи ин тадбир, ки моҳиятан ба давраи тайёри ба таҷлили 20 - солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастагии маънавӣ дорад.
Рушди соҳибкорӣ, натиҷаҳои арзишманди ҷавонони лаёқатманду боистеъдод, давстоварди онҳо дар соҳаҳои гуногун бешак бозгӯи он аст, ки фарзандони ин миллати кӯҳанбунёд рисолати таърихии худро чун пайвандгари наслҳои дирӯзу имрӯз ва фардо содиқона ба ҷо меоранд.
Зиёдшавии нуфузи ҷавонон дар ҳамаи самтҳои ҳаёти имрӯза, илм, сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, пешрафти илму техника эътимоди моро ба насли имрӯза бештар намуда, моро водор месозад ба онҳо масъулияти боз ҳам зиёдтарро бовар намоем. Зеро нақши насли ояндасози кишварро мо ҳамрӯза дар амалҳои ҷавонони ватандӯсту сарбаланди шаҳри бостонии Хуҷанд эҳсос менамоем.
Ҳамзамон боиси ифтихор аст, ки ҷавонони имрӯзаи диёр бо сарварии Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузорандагони устувории пойдевори арзишҳои даврони истиқлолият мебошанд. Ин шарафу ифтихор насиби ҷавонони саодатманди имрӯза аст.
Бори дигар Шумо, ҷавонони азизро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик мегуям. Хоҳони онам, ки ҳамеша сарбаланду комрон бошед.
Идатон муборак бод!