(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳраки Бобоҷон Ғафуров Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаи ҶДММ "Обод 2" ки бо истеҳсоли гипохлориди натрий машғул аст, шинос гардид.

Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур иқтидори истеҳсоли 10 тонна дар як шабонарӯз гипохлорити натрийро дошта айни замон ҳамаруза 3 тонна маводи мазкур истеҳсол шуда истодааст.

Маҳлули гипохлориди натрий дар зарфҳои ғунчоишашон аз як литра то 20 литра барои сокинон пешкаш гардида, сифатан маҳсулоти рақобаттобовар аст. Дар корхона 14 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд. Музди маош аз 900 то 1500 сомониро ташкил медиҳад.

Раиси вилоят Раҷабой Аҳмадзода таъкид кард, ки барои безарар гардони кӯчаву хиёбонҳо, мавзеъҳои гашту гузори мардум, хонаҳои баландошёна маводи химиявии истеҳсоли корхонаи мазкур дар ин марҳилаи паҳншавии бемории COVID-19 хеле зарур буда, барои таъмини корхонаҳои безараргардонӣ бо маҳлули гипохлориди натрий корбариро пурзӯр намоянд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳамарӯза кӯчаву хиёбон ва маҳаллаву хонаҳои баландошёнаи шаҳри Хуҷанд маҳз бо гипохлориди натрийи истеҳсоли корхонаи ҶДММ "Обод 2"-и шаҳраки Бобоҷон Ғафуров поккорӣ карда мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд