(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altПойдевори ҷомеаи солим аз оилаи солим сарчашма мегирад. Оилаи солим он оилаест, ки бунёдашро меҳру садоқат ва ҳамдигарфаҳмиву якмаромӣ ташкил медиҳад ва ободию осоиштагии ҳар оиларо маърифати баланди аъзои он таъмин менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд, ки “Оила дар фаҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.”

Аҳли оилаи Усмоновҳоро натанҳо дар ҳудуди маҳаллаи Сари баланд, балки дар тамоми шаҳри Хуҷанд мешиносанду эҳтиром мекунанд. Зеро ин оила бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва пойдориву мустаҳкамӣ ном бароварда, намунаи ибрат гардидааст. Хосса пирони хонавода-Улмас Усмонов ва Монанд Маллаева барои пиру барно намунаи олии ҷуфти оилавӣ ҳастанд, ки беш аз 60 сол бо ҳам зистаму гармиву сардии рӯзгорро бо ҳам дидаанд.

Айни ҳол падарбузурги хонадон-Улмас Усмонов дар синни 88-солагӣ қарор дошта, дар ҳалқаи фарзандону пайвандон давраи пирӣ меронад. Мавсуф хатмкардаи ҳозира Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Аӯалӣ ибни Сино буда, солиёни дароз дар беморхонаи бемориҳои пӯсти шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст. Тӯли ин солҳо ба дарди ҳазорҳо беморон шифои комил бахшида, дуои неки онҳоро гирифтааст.

Модаркалони хонавода Монанд Маллаева низ имсол ба синни мубораки 80 қадам ниҳода, қиссахону саногӯи наберагону аберагон аст. Номбурда хатмкардаи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом буда, беш аз 25 соли рӯзгори хешро ба таълиму тарбияи насли наврас дар макотиби шаҳри Хуҷанд бахшидааст. Маҳз фаъолияти омӯзгории ӯ боис гаштааст, ки фарзандонаш соҳибилм ба воя расида, ҳар яке дар ҷодаи хеш муваффақ гардиданд. Аз ҷумла, яке аз фарзандон касби пурифтихори падарро интихоб карда, айни ҳол барои солимии ҷомеа тамоми маҳорату малакаи хешро истифода бурда истодааст.

Ин ҷуфти муносиб дар давоми беш аз 60 соли хонаводагӣ соҳиби 6 фарзанд, 23 набера ва 23 абера гардида, шаҷараи авлодиро мустаҳкам гардонидаанд. Маҳз ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ боис гардидааст, ки онҳо ҳамаи мушкилиҳои рӯзгорро паси сар карда, ба чунин рӯзҳои саодатманд расидаанд. Тӯли 60 соли ҳамзистӣ онҳо рафиқу ҳамдами ҳаёти хеш гардида, пастиву баландиҳои зиндагиро бо тамоми талхиву шириниҳояш бо ҳам тай намудаанд.

Имрӯз пирони рӯзгор-амаки Улмас ва холаи Монанд дар баробари насиҳатгари ҷавонон будан, маслиҳатгари навхонадорон ҳастанд. Онҳо ба домоду арӯсони ҷавон бобати одоби оиладорӣ, эҳтироми ҳамдигар, тарбияи фарзанд, хизмат ба волидайн тавсияҳо дода, онҳоро ба роҳи рости зиндагӣ раҳнамоӣ мекунанд.

Хизматҳои шоистаи ин пирони кордидаро хурду калони маҳал ва шаҳр қадр намуда, онҳоро дар дилу дидаи хеш ҷой намудаанд. Ба ибораи шоир “ҷои онҳо боло дида” аст. Беҳтарин мукофоти амали онҳо бешак муҳаббати халқ аст, ки натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзист.

Дар фарҷом, ин оилаи барӯманд ва дар симои он тамоми оилаҳои тифоқу сарҷамъи кишварро бо Рӯзи байналмиллалии оила табрику муборакбод намуда, баҳрашон ҳаёти пурфайзу шукӯҳ ва осоиштаро таманно дорем.

Ид муборак ҳамватанони азиз!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд