(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар доираи чорабиниҳои мубориза алайҳи пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-COVID-19 ба 22 кумитаи маҳаллаҳои шаҳр, ҳамин миқдор, яъне 22 адад дастгоҳҳои дорупошак барои тамизгардонии доимии ҳудуди маҳаллаҳо тақдим карда шуд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки корҳои безарагардонӣ дар шаҳр ҷараёни тоза касб намуда, дар фурсати кутоҳ ин беморӣ аз байн бурда хоҳад шуд.

Аллакай ин дастгоҳҳои дорупошак шуруъ аз имрӯз дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр баҳри тамизгардонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Гузашта аз ин ҳамарӯза аз ҷониби Корхонаҳои давлатии «Истифодабарии манзили соҳили рост» ва «Истифодабарии манзили соҳили чап» ду ададии дигар дастгоҳҳои дорупошак баҳри безаргардонӣ истифода шуда истодааст.

Субҳи имрӯз аз ҷониби кормандони Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзили соҳили рост» як қатор даромадҳо ва ҳавлии биноҳои баландошёнаи микроноҳияи 13-ум мавриди тамизгардонӣ қарор гирифтанд. То имрӯз аз ҷониби ин корхона беш аз 170 хона ва 540 даромадгоҳҳо безарар гардонида шуданд.

Ин тасмими шаҳрдорӣ дар доираи тавсия ва талаботи ҷоригардида аз ҷониби Ситодҳои ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии коронавирус амалӣ карда мешавад, ки баҳри пешгирии сироятшавӣ аз бемориҳо равона карда шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳангоми гаштугузор қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, зимни аз хона баромадан ба таври ҳатмӣ аз ниқобҳои тиббии муҳофизатию нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ истифода намуда, саҳми худро дар ҳифзи солимии ҷомеа гузоранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд