(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз аз ҷониби Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ба 800 нафар кормандони Марказҳои саломатӣ, стансияи «Ёрии таъҷилӣ», Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологӣ ва Шуъбаи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанд маводҳои ғизоӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва ғайра расонида шуд.

Муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода ва муовини Раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода зимни супоридани кӯмакҳои ғизоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла зикр намуданд, ки имрӯз беш аз 800 нафар кормандони 6 адад Марказҳои саломатӣ, 2 адад стансияи «Ёрии таъҷилӣ», Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологӣ ва Шуъбаи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанд аз посбону фаррош то ҳамшираи тиббу духтурон ва сарбозону афсарон дар сафи пеши мубориза алайхи бемориои сироят арор доранд ва ин кӯмако барои эшон пешбинӣ шудааст. Зеро ин ашхос шабонарӯз баҳри хизматрасонии шаҳрвандон, бахусус ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории коронавирус дар шаҳри Хуҷанд чораҳои мухталифро роҳандозӣ намуда истодаанд. Аз ҷониби ин кормандон ҳамарӯза ҷиҳати тамизгардонии шаҳр, қабулу бистарикунонии беморон, маслиҳат ва машварат дар хона ва марказҳои саломати тадбирҳо андешида мешаванд.

Таъкид гардид, ки ҳамаи духтурони ин Марказҳои саломатӣ, «Ёрии таъҷилӣ» ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо нақлиёти хизматӣ, либосҳои ҳифозатӣ таъмин гардида, дар ин муассисаҳои тандурустӣ миқдори муайяни доруворӣ захира гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар рӯзҳои наздик аз ҷониби Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ба духтурони ин ҷабҳа кӯмакпулии якдафъаина расонида мешавад.

Кормандони Марказҳои саломатӣ, «Ёрии таъҷилӣ» ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологӣ ва Шуъбаи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанд аз ин таваҷҷуҳу ғамхории саривақтӣ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории хешро расониданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд