(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи дастуру супоришҳои Роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии сантирию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо ҳамдастии Шуъбаи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанддар кӯчаву хиёбон, марказҳои савдо, манзили шаҳрвандон ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои тамизгардонӣ гузаронида шуда истодааст. Ҳадаф аз ин чорабиниҳо пеш аз ҳама пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва беҳбуд бахшидан ба фазои экологии шаҳр аст.

Чунин тадбирҳои безараргардонӣ бештар дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ ва ғайра гузаронида шуда истодаанд. Ҳамзамон, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти каронавирус, дар корхонаву муассисаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ, тадбирҳои зиддиэпидемикӣ ва безараргардонӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Зеро, яке аз тадбирҳои аввалиндараҷа ва муҳими пешгирӣ аз вируси навъи нав чораҷӯиҳои санитарию эпидемиологӣ маҳсуб меёбад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус сокинони шаҳрро зарур аст, ки аз ҳар вақта дида дар тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист ва риояи гигиенаи шахсӣ масъулияти баланд эҳсос намоянд. Дар ин маврид шаҳрвандонро зарур аст, ки бо қоидаҳои беҳдошти саломатӣ риоя намуда, баҳри эмин нигоҳ доштани худ ва атрофиён бо ҳисси масъулиятшиносӣ чораҳои пешгирӣ, гигиенаи шахсӣ, тозаву озода намудани манзилу макон, кӯчаву маҳаллаҳоро амалӣ ва комилан риоя намоянд.Бидуни зарурат ба кӯча набароянд.

Корҳои пешгирикунандаи тамизгардонӣ дар ҳудуди маҳаллаҳои шаҳр минбаъд низ ба роҳ монда мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд