(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд Ширин Исматуллозода, Муовини Сарвазири мамлакат ва муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ бо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд оид ба пешгирии бемории сироятии каронавирус ҷаласа баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии каронавирус «Covid-19» дар вилояти Суғд, дастгирӣ ва кӯмаки амалӣ расонидан ба беморон ва духтурон аз ҳисоби омӯзгорон, ташкил намудани ихтиёрон барои корҳои тарғиботиву ташвиқоти хона ба хона супоришҳо дода шуд.

Ширин Исматуллозода гуфт, ки ин вазъи ҳассоси сайёра, аз ҷумла кишвар моро вордор месозад, ки оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» муттаҳид бошем, ҷиҳати ҳифзи миллат, ягонагӣ, ваҳда аз як гиребон сар барорем.

Ҷоиз ба зикр аст, ки чанд рӯз қабл бо мақсади иҷрои амали хайр ба беморхонаҳои маркази вилоят баҳри пешгирии бемории каронавирус ва таъмини яквақтаи хӯроки беморон ва духтурон аз ҷониби маъмурияи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ дар ҳаҷми 50 кило биринҷ оши палав тайёр гардида, ба Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи Сангин Қутфиддинов, Беморхонаи клиникавии шаҳрии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд ба номи Султон Урунов ва Таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд дастрас карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд