(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altШирин Исматуллозода, Муовини Сарвазири мамлакат дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» дар вилояти Суғдро ташкил ва баргузор намуд.

Нахуст дар ҷаласа масоили рӯзмарра, аз ҷумла раванди қабул ва табобати беморон дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Масъулини ин шаҳру навоҳӣ доир ба ҷараёни табобат ва марҳила ба марҳила мураххасӣ шудани беморон маълумот доданд.

Ширин Исматуллозода, Муовини Сарвазири мамлакат аз масъулин даъват ба амал овард, ки аз тамоми имконият ва иқтидорҳо барои пешгирӣ ва муолиҷаи ин беморӣ, ки аз ҷониби Давлату Ҳукумат муҳайё шудааст, истифода намоянд. Дар сурати зарурат кӯмакҳои иловагӣ ба беморхонаҳо сафарбар карда мешаванд Бояд беморон баъди комилан солим шудан ба хонаҳояшон баргарданд ва зери назорати духтурони оилавӣ қарор гиранд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти иқтидорҳои раванди табобат карда шуд. Таъкид гардид, ки дар сурати норасоии духтурон, метавон аз захираҳои ҷойдоштаи дохилӣ самаранок истифода бурд. Ҳамзамон истифодаи таҷрибаи табобат дар хонаро низ роҳандозӣ кард, ки дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе натиҷаи хуб ба бор оварда истодааст.

Ширин Исматуллозода, муовини Сарвазири мамлакат таваҷҷуҳи ҳозиринро бори дигар баҳри тақвияти бештари корҳо дар самти мубориза алайҳи паҳншавии бемории каронавирус «Covid-19» дар вилояти Суғд намуда, аз масъулин талаб кард, ки ҷиҳати пешниҳоди муаммову мушкилоти ҷойдошта фаъол бошанд ва дар якҷоягӣ барои рафъи он чораҳо андешанд. Ширин Исматуллозода гуфт, ки роҳбарияти вилоят шабонарӯз дар заҳмат буда, кӯшиш намуда истодаанд, ки дар ҷабҳаи муборизаи табибон ягон камбудӣ ба чашм нарасад. Чанд рӯз қабл ба аҳли оилаи табоми табибони дар ин шабонарӯз фаъмолияти пурсамарошта маводи ғизоӣ расонида шуд. Ҷиҳати ба истироҳат фаро гирифтани ин табибон дар ояндаи наздик чораҳо андешида шуда истодаанд.

Идомаи корҳои тамизкунӣ бахусус дар ҷойҳои осебпазир муҳим шуморида шуд.

Бо вазифагузориҳои дигар ба ҷаласаи Ситод ҳусни анҷом бахшида шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Ширин Исматуллозода, муовини Сарвазири мамлакат айни ҳол беш 10 рӯз инҷониб бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор доранд. Масъули Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пешгирии бемории каронавирус «Covid-19» дар вилояти Суғд таъин шудаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд