(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altШаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Исохӯҷа Каримхӯҷаев, ки худ собиқадори соҳаи тандурустӣ аст, маблағи харочоти сафари Ҳачро ба суратҳисоби махсуси кишвар, ки барои пешгирии сироятёбии каронавирус Covid-19кушода шудааст, ирсол намуд.

Ин фарди ватандӯст ин гуфт, ки алҳол 20 ҳазор сомонӣ пардохт намуд. Дар давоми ҳафта боз 40 ҳазор сомонии дигар ба суратҳисоби махсуси Ситод оид ба пешгирии бемории каронавирус интиқол хохад дод. Ҳадафи ӯ, ин пеш аз ҳама кӯмак ба табибону беморон махсуб меёбад.

Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Исохӯҷа Каримхӯҷаев 75 сола мебошад, мегӯяд, ки давоми собиқаи кориаш 4 навъи беморихои махсусан вазинини сироятиро халки точик аз сар гузарондааст. Масалан, бемории сироятии буғма буд, ки аз хисоби ин маризи кудакони зиёд фавтида буданд. Аз ин ру, бояд имруз халқ иттифоқ бошаду ба ваҳму воҳима дода нашавад. Ӯ мегӯяд, пешгирии ҳамаи беморихои сироятӣ ва бактериологӣ, ин пеш аз ҳама, риояи дурусти гигенаи шахсӣ ва истифодаи маводи яккарата ҳангоми истеъмоли хӯрокҳо аст.

Ҳамчунин сару либосро ҳатман дарзмол карда, баъд онро ба бар намуд. Агар имкон бошад, сачоқ, дастпоккунак ва руйпоккунахоро дарзмол бояд кард. Чунки ҳарорати баланди дарзмол боиси нест ва нобуд шудани вирус ва бактерияҳо шуда метавонад. Худ ва наздиконатонро эҳтиёт намоед. Безарурат ба куча набароед. Ин таъкид ба хотири пешгирии пандемия такрор ба такрор изҳор мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд