(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДирӯз аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Асрор Шарифзода ва намояндаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Баҳодур Ёқубзода 15 нафар ашхоси дар ҷабҳаи ақибгоҳи ҶБВ хизматнамудаи шаҳр мавриди аёдат қарор дода шуданд.

Ба воситаи пайвандон ба аёдатшудагон кӯмакпулии якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба маблағи 2000 сомонӣ, кӯмакпулии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба маблағи 1500 сомонӣ ва маводҳои ниёзи аввалия дастрас карда шуд.

Таъкид гардид, ки омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корномаву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат баробари нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат, инчунин, ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии онҳо эътибори ҷиддӣ дода, дар ин самт ҳамасола кумак ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд. Дар шароити ноором ва бисёр мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки хатару таҳдидҳои нав дар бисёр кишвару минтақаҳои сайёра торафт вусъат пайдо мекунанд, тарғибу ташвиқи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба саҳифаҳои ибратбахши таърихи халқи тоҷик ва омӯхтани корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои Ватан барои таҳкими амну оромии ҷомеа, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва миллатгароиву нажодпарастӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, дар ҳаққи давлату миллат ва мардуми сарбаланди кишвар дуои нек карданд.

Таъкид шуд, ки мо ҳамагон шукронаи Ваҳдату осоиштагии Ватани азизамон намуда, дар атрофи Роҳбари Давлат сарҷамъ бошем ва барои сохтмони бузурги Истиқлолият хишти созандае гузорем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд