(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамарӯза аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо ҷалби дигар воҳиду сохторҳои шаҳрдорӣ дар қаламрави шаҳри Хуҷанд бо ёрии техникаҳои махсус корҳои поккорӣ ташкил ва гузаронида шуда истодаанд, ки дар он бештар аз маҳлули гипохлорит истифода мегардад.

Ин навбат корҳои тамизгардонӣ дар микроноҳияҳои 34, 31, биноҳои баландошёнаи шаҳрвандон, таваллудхонаи шаҳрӣ, беморхонаи вилоятӣ ва беморхонаи касалиҳои сироятӣ амалӣ карда шуданд.

Ҳангоми роҳандозии корҳои беҳдоштӣ аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ва Шуъбаи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанд дар бораи риояи қоидаҳои беҳдошт, чӣ тавр худро бояд аз ин вируси хатаровар дур нигоҳ дошт, дар бораи қоидаҳои пӯшидани ниқоб, шустушӯи дасту рӯй ва ғайра суҳбатҳои муфид анҷом дода шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд