(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз аз ҷониби ҷавонони фаъол, занони пешқадам, азҳоби сиёсӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар 22 маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд матни Муроҷиатномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба сокинони шаҳр дастрас карда шуд.

Дар Муроҷиатнома ба мардуми шарифи вилояти Суғд аз ҷумла зикр гардидааст, ки “Имрӯз пандемияи бемории кароновирус дар кишварҳои хурду бузурги олам ва ҳатто давлатҳое, ки аз ҷиҳати технологӣ пешрафта мебошанд, ҳисороти зиёди ҷониву молӣ расонида, боиси нигаронии ҷиддӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст”.

Ҳамзамон дар Муроҷиатнома таъкид гардидааст, ки “Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, фаровонии дастархони ҳар як оила аз заҳмати шабонарӯзии ҳамаи мо, бахусус кишоварзон мебошад, вобаста мебошад. Аз ин рузҳои баҳорӣ истифода намуда, фидокорона ва аҳлона кор карда, кишту кори баҳориро саривақт ва босифат анҷом диҳем ва барои баланд бардоштани сатҳи зиндагиву рӯзгорамон тадбир андешем”.

Аз сокинони шаҳр даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин рӯзҳои мушкил ба таҳлукаву тарс дода нашаванд, балки бо риоияи гигиенаи шахсӣ саҳме дар рафъи ин беморӣ гузоранд. Зимнан таъкид шуд, ки бемории мазкур табобатшаванда аст ва пизишкони кишвар бо истифода аз имконияту дониши худ ба таври шабонарӯзӣ дар хидмати беморон қарор доранд.

Дар рафти корҳои анҷомдодашуда аз ҷониби масъулин бобати таъмини ҳифзи саломатӣ, риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ, тарзи дурусти истифодаи ниқоб, усулҳои пешгирии бемории каронавирус, худдорӣ намудан аз баргузории ҳар гуна чорабиниҳои оилавӣ, тоза нигоҳ доштани манзили истиқоматӣ, ба шуғл, алалхусус ба китобхонӣ фаро гирифтани бачаҳо дар давраи таътил ва дигар масъалаҳои доғи рӯз суҳбат гузаронида шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки аз оғози хуруҷи бемории сироятии коронавируси нав Ковид-19 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд ва ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ бо ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳамкориро тақвият мебахшад. Мутаасифона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гирифторони ин вирус ба қайд гирифта шуда, алайҳи он муборизаи шадид ба роҳ монда шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд