(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altШоми 28.04.2020 аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо ҷалби техникаҳои муосири соҳавӣ ва хадамоти оташнишонии вилоят бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии шаҳрвандон дар маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд тадбирҳои безараргардонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр гузаронида шуд.

Тамизгардонӣ дар кӯчаву хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ, Гагарин, Истиқлол, Раҳим Ҷалил Рифъат Ҳоҷиев Аминҷон Расулов, Хуҷандӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Гагарин ва ғайраҳо роҳандозӣ амалӣ гардид.

Бояд қайд намуд, ки ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии сирояти короновирус дар асоси дастуру супоришҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии сирояти мазкур дар шаҳри Хуҷанд амалӣ карда мешаванд.

Ҳамин гуна тадбирҳои безараргардонӣ минбаъд низ дар кӯчаву хиёбон ва истгоҳҳои нақлиётӣ дар ҳудуди тамоми кӯчаҳои шаҳр ташкилу роҳандозӣ мегардад.

Ин тадбирҳо бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус анҷом ёфта, роҳҳои мошингарди шаҳр асосан шабона безарар гардонида мешаванд ва он набояд сабаби ба таҳлука афтодани сокинони шаҳр гардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус сокинони шаҳрро зарур аст, ки аз ҳар вақта дида дар тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист ва риояи гигиенаи шахсӣ масъулияти баланд эҳсос намоянд. Ашхоси аз сини 60 боло бидуни зарурат набояд аз хонаҳояшн бароянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд