(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии ҳаргуна касалиҳои сироятӣ шуъбаву гурӯҳҳои махсуси карантинии милитсияи ВКД барои безараргардонии (дизинфекция) биноҳои маъмурии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ, хиёбону гулгаштҳо, боғу майдонҳои истироҳатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат чорабиниҳои мақсаднок доир карда истодаанд.

Масъулини гурӯҳи махсуси назорати карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд низ корҳои тамизгардонӣ гузарониданд.

Тибқи дастури роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ, бо мақсади пешгирии паҳншавии ҳар гуна касалиҳои сироятӣ шуъбаву гурӯҳҳои махсуси карантинии милитсияи ВКД барои тамизгардонии (дезинфекцияи) ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла боғҳои истироҳатӣ масъул гардонида шудаанд. Мутахассисон атрофи боғ, роҳраву гулгаштҳо ва майдончаҳои истироҳатиро пурра бо маҳлулҳои биохимикӣ тоза намуданд.

Корҳои пешгирикунандаи тамизгардонӣ дар ҳудуди ҳамаи боғҳои истироҳатии шаҳри Хуҷанд-Наврӯзгоҳ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, маҷмааи фароғатии Исмоили Сомонӣ гузаронида шуда, минбаъд дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ба роҳ монда мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд