(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt3 рӯз инҷониб бо дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии шаҳрвандон дар маркази маъмурии вилояти Суғд тадбирҳои безараргардонии сартосариро пурзӯр намуда, нахуст он дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ ва ғайра роҳандозӣ гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии сирояти короновирус дар асоси дастуру супоришҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии сирояти мазкур дар шаҳри Хуҷанд амалӣ карда мешаванд.

Ҳамин гуна тадбирҳои безараргардонӣ дар кӯчаву хиёбон ва истгоҳҳои нақлиётӣ дар ҳудуди тамоми кӯчаҳои шаҳр ташкилу роҳандозӣ гардида истодааст.

Беш аз як моҳ инҷониб тамоми нақлиёти мусофирбар пеш аз ба кор баромадан ва баъди он безарар гардонида мешаванд. Ин тадбирҳо то анҷом ёфтани паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар тамоми ҷаҳон идома меёбанд.

Ин тадбирҳо бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус анҷом ёфта, роҳҳои мошингарди шаҳр асосан шабона безарар гардонида мешаванд ва он набояд сабаби ба таҳлука афтодани сокинони шаҳр гардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус сокинони шаҳрро зарур аст, ки аз ҳар вақта дида дар тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист ва риояи гигиенаи шахсӣ масъулияти баланд эҳсос намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд