(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altДар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар барои баргузор намудани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр натиҷагирӣ карда шуд.

Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд зимни баромади худ таъкид дошт, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, фаъолгардонии доираи забондонӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавии хонандагон дар тамоми муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ташкил ва гузаронида шуд.

Таъкид гардид, ки дар даври аввал 90 нафар хонандагоне, ки ғолиби даври мактабии озмун буданд, бо ҳам дар рақобат шуда, аз миёни онҳо 30 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд. Дар даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи 4 номинатсия: хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик: ва хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон мақомҳои якум, дуюм ва сеюм муйян гардиданд.

Шоҳҷоизаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, Лайло Қӯзибоева, хонандаи синфи 4-и МТМУ №8 ба даст овард.

Барандаи Шоҳҷоиза соҳиби мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои маънавии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд гардид.

Бояд қайд намуд, ки ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи чор номиннатсия дар озмуни вилоятии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” байни муҳассилини шаҳру навоҳии вилоят қувваозмоӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл қарори дахлдори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода роҷеъ дар сатҳи баланд баргузор намудани даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба тавсиб расида, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни мазкур тасдиқ шуданд. Бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд барои баргузории ин озмун наздик 50 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд