(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар муассисаи таҳсилоти томактабии №33-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” байни кӯдакистонҳо натиҷагирӣ карда шуд. Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ғолибони озмунро табрику таҳният гуфта, ба дустрӯякони китобхон маблағҳои пулӣ ва китобҳо тақдим намуд.

Ҳамин тавр, миёни тарбиягирандагони ширхоргоҳ-кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд Шоҳҷоиза насиби Муҳаммадсолеҳ Азизов аз МТТ №20 гардид. Самияхон Расулӣ (МТТ №33), Суман Алламуродова (МТТ №24) ва Аюбҷон Ҷӯраев (МТТ №18) мутаносибан ҷойҳои ифтихориро соҳиб кардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд