(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва истиқболи ҷашни умумимиллии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд боз як мағозаи бузурги фурӯши либосу пойафзол таҳти унвони «Олами либосу пойафзоли мардонаи «Асл» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки мағозаи мазкур дар паҳлӯйи бозори марказии «Панҷшанбе» бо масоҳати 650 метри мураббаъ ҷойгир гардида, тамоми хизматрасониҳо ба сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст. Дар мағоза намунаи зиёди пӯшокаи мардона, бахусус либосу пойафзоли истеҳсоли молҳои ширкатҳои маъруфи туркӣ ва дигар брендҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Аз ҳар либос то 300 намуд бо тарзу усули муосир ба мизоҷон пешниҳод мегардад, ки назираш дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд нест.

Мағозаи зебову барҳаво ба 12 қисматҳои гуногун, аз ҷумла шуъбаи фурӯши ҷӯробҳо, куртаҳо, шиму костюм, либосҳои варзишӣ, пойафзоли сабук, тагпӯшҳо, пойафзоли расмӣ ва ғайраҳо фароҳам оварда шуда, ҳар як бахш дар алоҳида бо нархҳои дастрас пешниҳоди мизоҷон гардидааст.

Тавре, ки муассиси мағозаи «Олами либосу пойафзоли мардонаи «Асл» Алишер Сатторов изҳор дошт, ҳадаф аз ифтитоҳи мағоза фароҳам овардани шароит ба нафарони дорои завқи баланди зебоипарастӣ бо нархҳои дастрас мебошад. Харидорон дар мағозаи мазкур имкон доранд, ки тамоми намуди либос ва пойафзоли мардонаро бо сифати баланд ва нархҳои дастрас соҳиб гарданд.

Дар ин маркази савдо аллакай 5 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, муассиси он азм дорад, ки дар доираи доираи имконият ва имтиёзоти Давлату Ҳукумат фаъолияти хешро боз ҳам густариш бахшида, ҷойи корӣ ва номгӯйи молҳоро дар ояндаи наздик зиёд намояд. Ҳамчунин бо ширкатҳои молистеҳсолкуннадаи ватанӣ шартномаҳо баста шудаанд ва дар интизор меравад, ки як бахши дигари либосҳои истеҳсолоти худӣ дар ин мағоза ба фурӯш гузошта шаванд.

Дар рӯзи ифтитоҳи маркази тиҷоратии «Олами либосу пойафзоли мардонаи «Асл» ба мизоҷон ниқобҳои муҳофизатӣ аз бемориҳои сироятӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд