(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни гулҳо — «Сайри гули лола» дар ҷумҳурӣ барпо гардид.

Чойи аввалро миени шахру навохии мамлакат шаҳри Хуҷанд ба даст овард.

Ҳамчунин аз рӯйи номинатсияи «Боғи фарҳангиву фароғатии беҳтарин» Боги Абумаҳмуди Хучандӣ муайян гардида, бо туҳфа ва сипоснома қадрдонӣ шуданд.

Дар маросим роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба баргузор намудани озмуни мазкур Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини якуми роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, намояндагони тамоми вазорату идораҳо, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва гулпарварони ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд