(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳр аксияи «Тозагии соҳил» ва ҳашарҳои дастҷамъона доир карда шуд.

Ин тадбир ҳамзамон бо мақсади татбиқи нишондодҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, беҳбуд бахшидан ба вазъи экологии маҳаллаҳо ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар мавзеи соҳили Сир амалӣ гардид.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории ин иқдом тозагӣ ва тароват бахшидан ба соҳили дарёи Сир, тақвият додани корҳои ободонӣ, тоза намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ба талаботи санитарию экологӣ ҷавобгӯ намудан, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини беҳдошти муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Дар доираи чорабинии мазкур ду соҳили дарёи Сир аз купрӯки нав то кӯҳна аз ҳамагуна партов ва ифлосиҳо тоза карда шуд. Дар ҳамоиш беш аз 300 нафар ҷавонон ва ашхоси касбу кори гуногун ширкати фаъолона намуданд.

Иштирокдорони ҳамоиш ҳамчунин як қатор кӯчаҳои шаҳрро тозаву озода намуда, дар беҳдошти ҳифзи муҳити зист саҳмгузорӣ намуданд.

Ҳамзамон баҳри тоза нигоҳ доштани соҳили дарёи Сир, дигар манбаъҳои обӣ ва пешгирии ифлосшавии онҳо бо аҳолӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ суҳбатҳо гузаронида шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки то имрӯз чунин чорабиниҳо пайваста аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр роҳандозӣ шуда, ба он сокинони маҳаллаҳо ҷалб карда мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки аксияи мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи минтақаҳои сайёҳгузар ва сабзазоркунӣ амалӣ гардид.

Бояд таъкид намуд, ки чунин иқдомоти мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар самти омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша-чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ амалӣ гардида, дар оянда низ силсилаи чунин маъракаҳо роҳандозӣ карда мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд