(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МТМУ 15-и шаҳри Хуҷанд чорабинии беруназсинфӣ бахшида ба амалиёти даҳрӯзаи "Оҳиста бачаҳо" дар мавзӯи "Риояи қоидаи ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садама" баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаи таълимии мазкур баромад намуда, оид ба риояи Қоидаи ҳаракати роҳ шеърҳо, гуфторҳо қироат намуданд. Саҳнаи намоишдодаи хонандагон ҷолиби диққат буд. Инчунин хонандагон оид ба аломатҳои роҳ маълумоти пурра доданд. Дар чорабинӣ мутаххасиси шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Замира Маҳмудова ва намояндаи ШБДА дар вилояти Суғд Ҷаҳонбин Ҳакимзода иштирок ва баромад намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд