(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМардуми сарбаланди шаҳри бостонии Хуҷанд дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, ҳамчун рисолати шаҳрвандӣ, бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ таваҷҷуҳ ва тақвияти бештар дода шуда, дар шаҳр бо истифода аз тамоми имконоту захираҳо бо маблағгузории давлатию бахши хусусӣ чораҳои амалӣ андешида шуда истодаанд.

Танҳо давоми 3 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 47 миллиону 100 ҳазор сомониро ташкил дода, ба маблағи 40 миллиону 300 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шудааст. Ҳаҷми фондҳои асосӣ бошад, зиёда аз 26 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил дода, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 74,3 дар сад афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, корхонаҳои пудратӣ ҳаҷми корҳои ба сомон расонидашударо дар қиёс ба соли сипаригашта 17 фоиз зиёд намуда, ҳаҷми он ба 38 миллиону 3 ҳазор сомонӣ расидааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №1059 ва амри Раиси шаҳр аз 7 июни соли 2018, №109 нақшаи чорабиниҳои шаҳрö оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 341 банд бо назардошти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ тасдиқ карда шудааст.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар асоси 7 банди нақшаи чорабинии мазкур корҳо амалӣ шуда, 3 адад корхонаҳои истеҳсолӣ, 1 муассисаи ташхисию табобатӣ, 1 боғи фарҳангию фароғатӣ, 1 маркази хизматрасонӣ ва 72 нуқтаи савдо бунёд гардида, дар ин замина 322 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда зикр доштанд: “То ҷашни муқаддасу бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кўчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кўшиш намоянд. Мо бояд ин ҷашни мубораки миллиамонро дар шароити аз имрўза беҳтар ва бо дастовезҳои арзандаи миллати некномамон истиқбол намоем”.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд