(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altМусоҳибаи ихтисосӣ бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим ОЛИМЗОДА ВАЗЪИЯТ ПУРРА ТАҲТИ НАЗОРАТИ САРВАРИ ДАВЛАТ АСТ - Феълан, наздики 200 кишвари ҷаҳон гирифтори коронавируси Covid-19 буда, теъдоди ашхоси сироятёфта аз якуним миллион нафар гузаштааст. Аз оғози хуруҷи вирус беш аз се моҳ сипарӣ гашта бошад ҳам, хушбахтона, дар кишвари мо расман ягон нафар мубталои он ба қайд гирифта нашудааст. Аз назари Шумо кадом се омили асосӣ ба ин комёбии воқеан шигифтангез мусоидат намуд?

- Пеш аз ҳама, тавассути Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” бори дигар гуфтаниям, ки дар ҳақиқат то имрӯз ягон ҳодисаи сироятёбӣ ба коронавируси нави Covid-19 дар ҳудуди кишвар рӯй надодааст ва ин ҷойи тааҷҷуб надорад. Омилҳои ин падидаи дар ҷаҳон воқеан ҳам, нодир зиёданд ва маҳз онҳо то ин замон сабаби пешгирии ҳолатҳои сироятёбӣ дар диёри азизамон гаштанд.

Даставвал бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пурра дар ҷараёни вазъият мебошанд, тадбирҳои муҳим андешида шуданд. Аз ҷумла, ташкили дидбонгоҳҳои назорати шабонарӯзии санитарию беҳдоштӣ дар ҳамаи 27 гузаргоҳи сарҳадӣ, бо услуби фарқкунанда аз дигар давлатҳо ба давраҳои карантинӣ фаро гирифтани ҳамаи онҳое, ки аз минтақаҳои паҳнгаштаи сирояти коронавирус ба ҳудуди ҷумҳурии мо ворид мешаванд.

Инчунин, иттилоотонии пайвастаи ҷомеа вобаста ба ҳолатҳои санитарию беҳдоштии фардӣ ва муҳити атроф, ташкили корҳои безараргардонӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, муассисаву корхонаҳо, бахусус ҳар рӯз ду маротиба дар нақлиёти ҷамъиятӣ гузарондани онҳо ва ташкили гурӯҳҳои мобилии сайёр аз иқдомҳои дар ин самт анҷомдода ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, маҳдудсозӣ ва назорати махсуси равуои одамон берун аз ҳудуди Тоҷикистон низ яке аз омилҳои натиҷабахш гардидааст.

- Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 18 март Ситоди ҷумҳуриявии мубориза алайҳи коронавирус амал мекунад, ки роҳбарияшро Сарвазири мамлакат ба зимма дорад. Шумо низ узви ситод ҳастед. Дар он то имрӯз чӣ масъалаҳои муҳим баррасӣ ва ҳал шуданд?

- Пас аз як рӯзи таъсиси ситод, ки тадбири бағоят муҳим буд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои он машварати корӣ гузаронда, вобаста ба вазъият ҷиҳати андешидани чораҳои бетаъхир ва фарогир ба вазорату идораҳои кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Айни замон ситод тибқи “Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавирус дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ” фаъолияташро дар ҳамкорӣ бо тамоми вазорату идораҳои кишвар ба роҳ монда, ба таври мунтазам чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Яке аз масъалаҳои муҳими фаъолияти ситоди мазкур ин гузаштан ба реҷаи омодагии баланд дар ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ҳам дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳам дар сатҳи маҳаллӣ буда, хусусан назорати қатъии иҷрои саривақтии чорабиниҳои амнияти миллӣ аз сирояти ин беморӣ талаб карда мешавад.

РӮЗҲОИ НАЗДИК АЗ КАРАНТИН БЕШ АЗ 2000 НАФАРРО ҶАВОБ МЕДИҲЕМ

- Бигӯед, ки шахсони ба карантин фарогирифта танҳо дар Душанбе нигоҳ дошта мешаванд ё дар дигар шаҳру навоҳӣ низ? Оё шароити ҳамаи онҳоро ҷобаҷо ва имкони аз ҷиҳати техникӣ ташхис кардан мавҷуд аст? Айни замон чанд нафар дар карантин мебошад?

- Барои бистарӣ намудан мо сараввал баъзе муассисаҳои тандурустиро аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Варзоб ва Тоҷикободу Лахш ҷудо намудем. Ҳамчунин, дар шаҳри Душанбе дар муассисаҳои давлатии беморхонаи клиникии бемориҳои сироятӣ, маркази шаҳрии тиббии № 1, беморхонаи шаҳрии бемориҳои пӯст, маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст, маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм шаҳрвандонро ба карантин фаро гирифтем. Табиист, ки шумораи ҳамватанони аз кишварҳои хориҷӣ баргардонда ва ба карантин ҷалбшуда рӯз аз рӯз меафзуд. Дар умум, то 9 апрел 7257 нафар ба карантин фаро гирифта шуд. Аз ин хотир, зарур омад, ки ба ҷуз аз муассисаҳои тандурустӣ истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, дигар муассисаҳои вазорату кумитаҳо ва корхонаҳо низ мавриди истифода қарор гиранд. Аз ҷумла, осоишгоҳҳои “Хоҷа Оби Гарм”, “Харангон” (ноҳияи Варзоб), “Оламбӣ” (шаҳри Роғун), осоишгоҳҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Мавриди зикр аст, ки ҳамаи шароити будубош, муоинаву ташхиси тиббӣ, маводи доруворӣ, озуқаворӣ ва хизматрасонии тиббӣ дар ин муассисаҳо ба таври ройгон пешниҳод шуда истодааст. Бояд гуфт, ки то 9 апрели соли равон аз карантин 5243 нафар ҷавоб шуда, 2014 нафар дар чунин ҳолат қарор дошта, рӯзҳои наздик онҳо низ ҷавоб дода мешаванд. Аз шумораи умумии онҳо 317 нафар шаҳрванди хориҷист, ки аз Афғонистон, Россия, Чин ва Ӯзбекистон мебошанд.

- Дар марҳилаи аввали карантин ва ташхис, бешубҳа, маводу таҷҳизоти зарурӣ намерасид. Ин мушкил чӣ тавр ҳал шуд?

- Агар шумо озмоишҳои ташхисиро дар назар доред, ҳанӯз дар рӯзҳои аввали фарогирӣ ба давраҳои карантинӣ, ки ба ибтидои моҳи феврал рост меояд, дар чанд марҳила аз Федератсияи Россия тестҳои зарурӣ дастрас карда шуданд. Ҳамчунин, дигар таҷҳизоти зарурии ташхис ва маводи яккарата, маҳлулҳои безараргардонӣ бо кумаки бархе шарикони рушд дастрас гардида, баъзе аз ин мавод дар дохили худи ҷумҳуриямон истеҳсол мешавад. Алъон 20 муассиса ба истеҳсоли ниқобу хилъатҳои яккаратаи тиббӣ машғул аст. Бо супориши вазорат ва ситоди назди он амалкунанда ҳама муассисаҳо, новобаста аз шакли идора ва моликият, кормандони худро бо маводи яккаратаи тиббӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ таъмин менамоянд. 3150 КАТИ СИРОЯТӢ ОМОДА КАРДА МЕШАВАД - Барои бистарӣ намудани нафарони гумонбар дар муассисаҳои мавҷуда ҷой мерасад?

- Дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ шумораи умумии катҳои табобатӣ 51000 адад буда, шумораи катҳои сироятӣ 3696 адад, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 642 ададро ташкил медиҳад. Бо назардошти эҳтимолияти хавфи сарзании хуруҷи сирояти коронавирусӣ 1150 адад кат дар ҳолати омодабошии пурра қарор дорад. Бо ин мақсад Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба низоми фаъолияти омодагии сатҳи баланд гузаронда, ҳамчун яке аз муассисаҳои провизорӣ барои қабули гумонбарон ба сирояти коронавирус муқаррар шудааст ва дар мавриди зарурат гумонбарон дар он низ ҷой дода мешаванд. Беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” низ барои қабули гумонбарон омодаанд. Дар маҷмӯъ, 3150 кати табобатии нав барои сироятёфтагон омода карда хоҳад шуд. Албатта, ин ҳадди ниҳоӣ набуда, вобаста ба ҷараёни вазъият катҳои иловагии нав низ омода месозем. - Масъалаи таъминот бо таҷҳизот ва дигар васоити ташхису табобат чӣ гуна аст?

- Барои зиёд намудани тест-системаҳо, ҳароратсанҷҳо, теплосканерҳо, тепловизорҳо, нақлиёти ёрии таъҷилӣ, таъминот бо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, ташкили ҳуҷраҳои интенсивии махсусгардонда барои беморони пиронсол ва маъ-юбон, мониторҳои наздикатӣ, оксигенераторҳо, дефибрилляторҳо, электрокардиографҳо, ларингоскопҳо, дастгоҳҳои сайёри рақамии рентгенӣ, дастгоҳҳои ташхиси фаросавтӣ, катҳои чархдор ва аробачаҳо барои интиқоли беморон, омодасозии стансияҳои дастрассозии оксиген (кислород), ташкили озмоишгоҳҳои ташхиси тавозуни туршию ишқорӣ дар назди ҳар шуъбаи интенсивии беморхонаҳои сироятӣ, таъминот бо мавод ва дастгоҳҳои безараргардонӣ, аз ҷумла маводи хлор, маҳлулҳои хлордор, автоклавҳо, асбобҳои тамйизкунӣ, маводи доруворӣ, хусусан дорувории зиддивирусӣ ва дигар асбобу лавозимоти зарурии тиббӣ чораҳои мушаххас андешида шуда, дар ин самт аллакай кори зиёд анҷом ёфтааст. Мавриди зикр аст, ки айни замон заминаи моддию техникии озмоишгоҳҳои мавҷудаи пойтахт пурқувват гардида, дар вилоятҳо низ озмоишгоҳҳои вирусологӣ ташкил шуда истодаанд. Ба маълумоти умум расонданиям, ки дар назди вазорат ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Маркази миллии иттилоотии (Call-center) зиддибуҳронии пахши мустақим (онлайн) ташкил ёфтааст, ки рақами телефони “Боварӣ”-и он 511 буда, ба таври шабонарӯзӣ фаъол аст. Масъулони он тайёранд, ки ба ҳама гуна саволи шаҳрвандони кишвар ҷавоби мушаххас диҳанд. - Дар кишвар табибони вирусологу эпидемиолог мерасанд? Чун шаҳри Душанбе маркази карантину ташхис шудааст, оё аз дигар шаҳру ноҳияҳо низ мутахассисон оварда мешаванд?

- Дар ҷумҳурӣ шумораи сироятшиносон 418, эпидемиологҳо 427, табибони озмоишгар 588 ва табибони наҷот ва беҳискунӣ 688 нафар, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 100 сироятшинос, 218 эпидемиолог, 297 табиби озмоишгар ва 231 табиби наҷот ва беҳискуниро ташкил медиҳад. Дар мавриди зарурат, албатта, аз дигар шаҳру ноҳияҳо низ мутахассисон ҷалб хоҳанд шуд. НИҚОБ ПӮШИДАНИ ОДАМОНИ СОЛИМ ҲОҶАТ НАДОРАД

- Дар дорухонаҳо нархи ниқобҳои тиббӣ чандин маротиба боло рафта, ниқобҳои худсохти бесифате ҳам пайдо шуда истодаанд. Оё вазорат ин корро назорат мебарад ва чунин корхонаҳо иҷозати вазоратро доранд? Ғайр аз ин, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ таъкид мекунад, ки ниқобпӯшии нафарони солим зарур нест, он танҳо ба беморону табибон ва кормандони тиб ҳатмист. Ин тавсияро вазорат то чӣ андоза ба эътибор мегирад?

- Дар ҳақиқат, истифодаи ниқоб танҳо ба шахсони бемор ва кормандони тиб тавсия дода мешавад. Масъулияти назорати нарх ва иҷозатномаи истеҳсоли ниқоб дар Тоҷикистон ба дӯши вазорати мо нест. Мо низ зидди баландбардории нарх ва фурӯши ниқобҳои бесифат ҳастем. Назорати ин кор ба дӯши Хадамоти назорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буда, онҳо сари чанд вақт дар дорухонаҳо рейдҳо мегузаронанд.

- Беш аз се моҳ мешавад, ки ҷаҳон бо коронавирус мубориза мебарад. Ин муддат фурсате буд барои кормандони тибби тоҷик, ки ба рафти ҳаводис бо чашми ибрат нигариста, таҷрибаи мусбати кишварҳо, хоса Чинро омӯзанд. Дар ин бобат чӣ гуфта метавонед? Омӯзиши таҷрибаи муфиди давлатҳое, ки ин бемориро аз сар мегузаронанд, чӣ тавр сурат мегирад ва чӣ бардошти муфиде табибони тоҷик аз ҳамтоёни хориҷии худ карданд?

- Маълумоти вобаста ба сирояти коронавирус аз мамлакатҳое, ки дар онҳо сирояти мазкур ба қайд гирифта шудааст, тибқи тартиби муқарраргардидаи байналмилалӣ ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ирсол гардида, мавриди омӯзиш қарор дода мешавад. Баъдан, ин маълумот ба дигар кишварҳо, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ирсол мегардад. Ҳамзамон, роҳи дигари мубодилаи иттилоотӣ бароямон дар самти мазкур ин мунтазам баргузор намудани видеоконфронсҳои мустақим бо вазоратҳои тандурустии Чин, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо мебошад. АСОСЕ БАРОИ РОҲАНДОЗИИ КАРАНТИНИ САРОСАРӢ НЕСТ

- Тавассути телевизион ва шабакаҳои интернет мушоҳида мешавад, ки коронавирус шаҳрҳои оламро аз одамон холӣ ва онҳоро узлатнишин кардааст. Маҷрои муқаррарии зиндагӣ зеру забар шудааст. Дар мо бошад, кӯчаҳоро мисли пешина пури одаму мошин дида, шукр мегӯӣ, ки ин балои азим то мо нарасидааст. Оё метавон гуфт, ки дар шаҳру навоҳии мо алъон зарурати роҳандозии карантини густурда, манъ кардани чорабиниҳои оммавӣ нест?

- Бояд гуфт, ки барои эълони карантин, бахусус карантини саросарӣ асос лозим аст. Хушбахтона, то имрӯз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Аз ин рӯ, ягон асоси воқеӣ ҷиҳати эълон намудани карантин дар кишвар айни замон вуҷуд надорад.

- Оё тахмину фарзияҳо ва умедвории мардум ва ҳатто табибону коршиносон, ки бо фарорасии гармо вирус худ аз худ аз байн меравад, ягон асоси илмӣ дорад?

- Муайян гардидааст, ки муҳити созгор барои давраҳои ҳаётии вирусҳо ин организмҳои зинда мебошанд ва дар чунин шароит онҳо ҳеҷ гоҳ худ ба худ ва бидуни таъсири омили беруна аз байн намераванд. Дар ҳақиқат, вирусҳо дар муҳити беруна (хона ва кӯча) дар ҳарорати зиёда аз 200 С қобилияти ҳаётии худро дар муддати 30 – 40 дақиқа гум мекунанд ва эҳтимолияти паҳншавии онҳо ба муҳит кам мешавад. Бояд гуфт, ки табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки гарму хушк мебошад, барои инкишофи вирусҳо мусоид нест. БА КОРМАНДОНИ ТИБ МАОШИ ИЛОВАГӢ ДОДА МЕШАВАД

- Барои бехатарии худи корманди тиб, ки бевосита бо мардуми карантинӣ муддати 14 рӯз сару кор мегиранд, вазорат чӣ тадбирҳо меандешад? Онҳо ҷони худ ба гарав гузошта, бо ташхиси ашхоси гумонбаршуда машғуланд. Барояшон чӣ дастгирию имтиёзҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар пешбинӣ шудааст?

- Бо мақсади таъмини амнияти санитарии табибони вобасташуда ва кормандони хизмат-расон онҳо бо либосҳои махсуси муҳофизатӣ ва тамоми шароити зарурӣ таъмин гардида, аз ҳисоби буҷети давлатӣ бо маоши иловагӣ ҳавасманд гардонда мешаванд. Дар баробари ин, кормандони тиббии вобасташуда дар ҳолати карантин пурра бо лавозимот ва ашёҳои инфиродии ҳифзкунандаи яккарата, аз ҷумла ниқобҳои тиббӣ, респираторҳо, сипарҳои ҳифзкунандаи рӯй, айнакҳои муҳофизатӣ, хилъатҳои тиббии яккарата, комбинезонҳо, пешдоманҳои яккарата, дастпӯшакҳои тамйизгардонда, пойафзолҳои муҳофизатии обногузар, маҷмӯи ашёҳои санитарию гигиенӣ ва ғайра таъмин карда мешаванд.

- Тавре дар боло гуфтед, айни замон беш аз ду ҳазор нафар дар карантин қарор дорад. Дар ин давра оё аёдати онҳо мумкин аст? Хешу ақрабо метавонанд барояшон ғизо ё ягон чизи дигар, масалан китоб биёранд?

- Карантини 14 - рӯза меъёри байналмилалист, ки дар ин муддати ташхис гумонбар бо олами беруна набояд ягон хел иртибот дошта бошад. Дар мо низ ин тартиб қатъиян риоя мегардад. Яъне, аёдати ашхоси карантинӣ аз ҷониби пайвандон истисност. Лекин хӯрок овардани хешовандон манъ нашудааст. Онро шахси масъул қабул карда, бо риояи қоидаҳои бехатарӣ ба гумонбар мерасонад. Ғайр аз ин, тавассути телефон тамос гирифтан иҷозат аст.

- Ва саволи охирин, ки гумон мекунам, кулли мардуми Тоҷикистон имрӯзҳо дар сар доранд: мабодо як ё якчанд нафар сироят ёбанд, оё кишвари мо имконияти фавран изолятсияю табобат кардани онҳо ва ба паҳншавии вирус роҳ надодан дорад? - Махсус таъкид карданиям, ки сифати пешниҳоди хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон, чӣ дар самти пешгирӣ ва чӣ дар самти ташхису табобат аз дигар давлатҳо фарқияти зиёд надорад. Имрӯз хизматрасонии тиббӣ бо усулҳои муосири ташхису табобат тавассути таҷҳизоти замонавӣ сурат мегирад. Ҳангоми сар задани ҳолатҳои сироятёбӣ айни замон дар муассисаҳои тиббии кишвар барои дар як вақт бистарӣ ва табобат намудани 5000 сироятёфта шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Инчунин, дар ҳолати пайдо шудани зарурат ҷумҳуриямон метавонад имконияти бештарро сафарбар созад.

Мусоҳиб Хуршеди ҶОВИД,
“Ҷумҳурият”