(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСокинони шаҳри Хуҷанд дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаби замини наздиҳавлигии тадбирҳои муҳим меандешанд.

Пӯлодҷон Темуров, сокини кӯчаи Қорӣ Ниёзии маҳаллаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 2 сотих замини наздиҳавлигии худро самаранок истифода намуда, ба ин васила ҳамасола на фақат эҳтиёҷоти хонаводаи худ, балки бародарашро, ки ҳамроҳ дар як ҳавлӣ зиндагӣ менамоянд бо сабзавоти тару тоза ва меваҷот таъмин менамояд.

Пӯлодҷон дар замини дусотихаи худ беш аз 25 бех дарахтони гуногун аз қабили биҳӣ, олуча, шафтолу, себ, зардолу, сиёҳолу, анор, чормағз ва ғайраро шинонидааст, ки ҳамасола ҳосили дилхоҳ ба даст меорад. Гузашта аз ин дар замини зери дарахтон помидор, бодаринг, қаламфур, сабзӣ, картошка, турб, райҳон, шалғам ва ғайраҳоро дар муҳлатҳои муайян ва мавсимӣ кишт намуда, аз ин замин дар як сол ду-се ҳосил ба даст меорад.

Мавсуф қайд намуд, ки ӯ аз рӯйи ихтисос барқчӣ буда, шуғли доимӣ дорад, вале дар баробари ин фориғ аз кор дар замини наздиҳавлигӣ меҳнат намуда, ҳам истироҳат карда, барои дастрахони рӯзгораш ризқу рӯзӣ дармеёбад.

Пӯлодҷон Темуров зикр намуд, ки ҳамасола бо риояи талаботи сифати омодасозӣ аз ҳосили сабзавоти парваришнамудааш беш аз 100 адад зарфҳои шишагӣ консерваҳои меваю сабзавот, мураббо ва хуришҳо тайёр менамояд, ки он дар фасли зимистон ба рӯзгори ӯ ва бародараш фаровон истифода мешаванд.

Ба Пӯлодҷон Темуров монанд садҳо нафар сокинони шаҳри Хуҷанд чунин маданияти истифодабарии заминро ба роҳ мондаанд, ки он бешубҳа ба манфиати иқтисодии рӯзгорашон аст.

Масалан Бахтиёр Бобоҷонов, сокини маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шахри Хуҷанд дар замини наздиҳавлигии худ гармхонаи кӯчаке бо харҷи ночиз бунёд намуда, дар он кабудиҳо, аз ҷумла пиёзи кабуд, кашниҷу шибит шавилу синдрей, ҷаъфарӣ, шалғамча ва ғайраҳо кишт намуда, то 3 маротиба ҳосил гирифта, нафақат оилаи худ балки эҳтиёҷоти ҳаммаҳалаашонро таъмин месозад.

Ин амали сокинон истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ифода намуда, эшон дар баробари истеҳсоли кабудиҳо ва сабзавоти барвақтӣ, ҳамзамон дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти витаминдор саҳмгузорӣ намуда, бар замъи ин даромаднокиашон ба ин васила зиёд мегардад. Гузашта аз ин дар фасли баҳор организми инсон ба чунин ғизоҳо бештар ниёз дорад.

Бахтиёр Бобоҷонов бар он андеша аст, ки он сокинони шаҳр, ки соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ мебошанд, тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сурати самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаби замин анвои гуногуни маҳсулоти ғизоии рӯзгорашонро ба даст оварда, ба ин васила бо меҳнати худ дар сабади истеъмолиашон саҳмгузор мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки ҳамарӯза аз ҷониби кормандони Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд зимни баргузории мулоқот бо сокинон дар самти баланд бардоштани маданияти истифодабарии замин, бахусус истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ ва ба ин васила ҳиссагузорӣ намудан ба сабади истеъмолии хонавода машварату дастурҳо дода шуда истодаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд